Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Муаррихону воқеанигорон аз қисмати минбаъдаи Фидий ахбори гуногун медиҳанд. Ба қавле ӯро бар болои гуноҳаш ба дуздидани тилло низ муттаҳам карда, солҳои дароз дар ҳабс нигоҳ доштанд, то ки дар асорат ҷон дод. Ба ақидаи дигаре Фидий аз ҳабсхона бо мадади Перикл гурехта, боқии умрашро дар Элида пинҳонӣ ба сар мебарад. Пиндори дигаре низ мавҷуд аст, ки ӯро дар Афина бо ҳукми Нозирони Олӣ ба қатл мерасонанд. Вале гумони ғолиб афкори муаррих Филохор аст, ки мувофиқи он Фидий солҳо дар зиндон хобид, оқибат бар душманонаш ғолиб омада, пурра сафед ва озод шуд, дергоҳ давлати пирӣ ронда, соли 431 то милод фавтид.

Воқеан, ҳангоме ки Фидий маҳкуми ҳабс буд, дар Олимпи бостонӣ - нишемангоҳи худоёни Юнон, ки ҳар чор сол мусобиқаҳои олимпӣ баргузор мегардид ва аз кишварҳои дуру наздик варзишгарону паҳлавонон меомаданд, боз зарурати ниҳодани ҳайкали Зевс пеш омад. Аз рӯи шарт муҷассамаро мебоист дар Маъбади Зевс (онро ҳанӯз нимаи а.5 то м. меъмори бузург Либон сохта буд) баробари баландии иморат меофариданд. Маъбади Зевс боҳашамату бузургтазо буда, бар болои пойдевори баланд қарор дошт. Андозаи тарафҳояш 64х28 м буда, 34 шоҳсутуни бистметра онро аз тараф нигоҳ медошт. Сохтани муҷассамаи қариб бистметра барои ин маъ-

Маъбади Зевс.

пешина
аз 84
навбатӣ