Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

шавҳарашро бо гиёҳҳои хушбӯй омехта, ҳамроҳи об нӯшид ва қадре ором гирифту ҷисму ҷонаш даросуд».

Артемисия ба ҷои Мавсол ба тахти шоҳӣ нишаст ва тамоми ҳастиву ишқи ҷунунвори хешро ба идомаи сохтани оромгоҳ бубахшид, то рӯҳу равони шавҳараш ором бигирад.

Солҳо мегузаштанд, меъморону ҳунармандон ба гармову сармо эътибор надода, мӯъҷизае меофариданд, ки амсолашро таърихи башар ёд надошт.

Оромгоҳ дастовардҳои меъморону муҳандисони Машрику Мағрибро таҷассум намуда, бо банду басти нотакрор, ороишу тарҳи мӯъҷизавӣ ва парвози хаёлоти бунёдгаронаш ҳамто надошт. Он дар болои теппае қад афрохта, аз чор самти шаҳр чор намои бо силсилаи шоҳсутунҳо ороёфтааш диққати ҳар бинандаро ба худ мекашид. Ва дар назар боз ҳам баланду бошукӯҳ метофт.

Оромгоҳ аҳроми зинадоре буд, ки тарҳи басо ғайриоддӣ дошта, аз мармари сафед бино гардида буд. Тасаввур кунед, ки аҳроми бузургу мӯҳташамро аз мобайн бурида, дар болои он иморати баланду бошукӯҳи росткунҷаеро устувор кардаанд. Қисми болоии аҳром бошад, аз рӯи боми иморат идома ёфта, ҳамчун сақфу бом хизмат мекунад.

Оромгоҳи Мавсол ончунон бунёд ёфта буд, ки қисми поёнии асоси аҳромшакл ба сифати пойдевори мустаҳкам ва қисми болоияш ба сифати бом хизмат мекард. Қисми поёнии рӯяҳои аҳром басо нишебу моил буда, аз бисту се зинаи васеи мармарин ба ҳам омада буд, ки аз чор самти бино ба чор намои он ҳидоят мекард. Дар дӯши аҳром аз чаҳор тараф сиву шаш сутуни сафеди мармарин қад афрохта буд, ки аз чор тараф ба чашм даҳтой расида, бори сақфи аҳромшаклро мебардоштанд.

Дар интиҳои қисмати дуюми аҳром як аробаи чораспае устувор буд, ки аспҳои бадҳашмаш бо тамоми ҳастӣ метохтанд. Аспҳо зимоми хешро суст ёфта, хаёле аз қуллаи аҳром сӯи осмони баланд майли паридан доштанд. Ҷои савор холӣ буд ва ин аспҳои бодпову аробаи бесоҳиб рамзи онро дошт, ки соҳиби он ароба дигар дар қайди ҳаёт нест ва ӯ аз олами фано ба олами бақо ҳиҷрат кардааст. Аспу ароба дар айни замон рамзи ба сӯи осмонҳо бе машаққат парвоз кардани рӯҳу равони ёри Артемисияро

пешина
аз 84
навбатӣ