Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Биаксис ва Леохарро гирифт.
Мавсол мехост оромгоҳе офарад, ки дар рӯи олам назир надошта бошад. Ҳазорон ғулому муздурон зери сарварии устоҳову ҳунармандон аз субҳи содиқ то шаби тор кор мекарданд. Ҳайкалтарошон муҳорибаи таҳамтанонро бо ҷангварзанҳои асотирӣ меофариданд, сутунҳоро метарошиданд, поғундаҳоро устувор мекарданд. Шоҳу шаҳбону меҳру муҳаббати хешро ба оромгоҳ бахшида, онро чун тифл пуштибонию ғамхорӣ менамуданд. Пулу сармояро барои идомаи сохтмон дареғ намедоштанд, беҳтарин ҳунармандону меъморонро ба шаҳри Галикарнас даъват мекарданд.
Марги нофарҷом соли 354 то милод Мавсолро рабуд ва шаҳбону Артемисия, ки бо тамоми ҳастӣ шавҳарашро дӯст медошт, ҳафтаҳо ба ҷои ашк хун гирист. Ишқи ӯ ба ҳадди ҷунун ва болотар аз эҳсоси одамӣ буд. Ба қавли муарриҳони қадим, «Ҳангоме ки марги Мавсол даррасид, Артемисия сару рӯяшро кафондаву харошида, рӯзҳои дароз навҳа меангехт. Оқибат амр дод, ки пайкари шавҳарашро бисӯзанд ва расму оини маргро адо кунанд. Дилаш ба ҷудой токат наовард ва амр дод устухонҳои марҳумро мисли талқон кӯфтаву бисоянд. Ӯ хокаи устухонҳои
Бунёди оромгоҳи Мавсол. Рассом Мартин Хемскерк.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё