Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Вале сарлашкарони Искандари Мақдунӣ, ки андешаи ба даст овардани ғаниматҳои ҷангӣ ва тахти шоҳаншоҳиро доштанд, вориси қонунӣ будани Искандари IV — писари Рухшонаро эътироф намекарданд ва модари ӯро асираи мақдуниҳо ва зани шарқии аз тамаддуни юнонӣ дур меҳисобиданд. Аз қазои тақдир баъди як сол барои пешгирии хунрезиҳо писари хурдсоли Рухшонаро бо номи Александри IV чун шарики ҳокимият ба тахт мешинонанд ва Рухшонаи танҳою беёвар бо писари хурдсолаш дар маркази
Рухшона.
муборизаҳои шадиди сарлашкарон мемонад. Оқибат яке аз даъвогарони тахту тоҷи Мақдуния Кассандр соли 311 то мелод Рухшона ва писарашро, ки солҳо дар зиндон буданд, аз фишори ҳарифонаш Антигон ва Деметрий озод намуда, сипас ба таври пинҳонӣ заҳр дода мекушад. Вале баъди марги Искандари Мақдунӣ низ шоҳону ҳокимони бисёре ҳаваси Боғи Муаллақ — ин биҳишти афсонавиро мехӯрданду ба сари мардуми Бобул лашкар мекашиданд.
Ва аҷобати таърих низ дар он аст, ки баъди сари Куруши Кабир ва ҳамсари ӯ Амитида ва дигар маликабонуҳои Ҳаҳоманишиён дар аҳди Искандари Ҷаҳонгир низ Боғи Муаллақи биҳиштосо боз насиби маликабонуи дигари аслу бунёдаш тоҷику форс Рухшона ва Статира духтари Дорои III гардид. Баъди сари Искандари Мақдунӣ шаҳри Бобул бо Боғи Муаллақи овозадор ва манораҳои осмонгираш таҳти васояти яке аз сарлашкарони тавонои Искандар — бунёдгузори давлати Селевкиён — Селевки I ва ворисони ӯ қарор дошт. Бо гардиши айём акнун Боғи Муаллақ ва қасрҳои мӯҳташами шафати он манзили хосаи маликабонуи дигари тоҷик — Апама ном духтари Спитамен гардид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё