Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

данд, ба Искандари Мақдунӣ низ тоҷи меросии шоҳони Бобулро пӯшонида, ӯро «шоҳаншоҳи ҷаҳор самти олам» хонданд.

Искандари Мақдунӣ, ки аз ҷангҳои беамон ва таъқиби пайпаи Дорои III басо хаста шуда буд, моҳе чанд дар бӯстонсароҳои Боғи Муаллак осудану баровардани кӯфтагии деринаро як бахти худодод мепиндошт. Искандар паҳноҳои нопайдаканори Бобулро бо Мақдунияи хурдакак муқоиса мекарду орзуи пойтахти доимии хеш қарор додани Бобул дар дилаш боло мегирифт. Ӯ ҳатто аз ҳисоби ғаниматҳои ҷангӣ ба таъмиру тармими Боғи Муаллак, Манораи Этемананки, қасру маъбадҳои бошукӯҳ ва бурҷҳои дидбонии Бобул шурӯъ намуд. Аммо ҷангҳои зиёде дар пеш буд ва Искандари Мақдунӣ, ки азми ҷаҳонгирӣ дошт, ба ҷои хеш лашкаркаши ҷасури форснажодаш Мазейро волии Бобул таъин карду боз таъқиби Доро ва тасхири сарзамини паҳновари форсҳоро давом дод. Умеди мардуми Бобул боз барбод рафт. Искандар, ки обод кардани шаҳр ва ба Бобул кӯчонидани пойтахти худро ваъда дода буд, баъди даҳ соли лашкаркашиҳо хастаҳолу бемор баргашта, дар сояи ҷонафзои дарахтони Боғи Муаллак ҳафтае чанд осуду аз кӯтоҳии умри инсон ва беохирии канораи олам ҳасратҳо кашид. Лаҳзаҳои вопасини умр хоҳиш кард, ки ӯро рӯи тахти равон бихобонанду дар қабатҳои Боғи Муаллак ба гардиш бубаранд. Лаҳзае, ки ҷон аз баданаш мераҳид, дар сояи дарахти бузурге васият намуд, ки баъди марг ду дасташро аз тобут бароваранд, то мардуми олам бубинанд, ки Искандар саросари ҷаҳонро гирифту аз дунё бо дасти холӣ рафт.

Боғи Муаллак боз як шоҳи пурғуруру худхоҳро ба олами охират гуселонд ва баъди марги Искандари Мақдунӣ соли 323 то милод шаҳри Бобул мотам гирифт. Қаламрави паҳновари мақдуниён бесарвар монд. Рухшона - зани қонунии Искандари Мақдунӣ, ки аслан аз ниёи тоҷикон буд, дар оғӯши хилваткадаҳои Боғи Муаллак аз бахти сиёҳи хеш менолиду умед ба вориси ояндаи тахти шоҳӣ - тифли ҳанӯз назоидааш мебаст. Зеро ҳангоме ки Искандар вафот намуд, Рухшона дар бадаш тифли ҳаштмоҳа дошт. Оқибат он тифли сарсахт дар қасрҳои мӯҳташами Бобул ба дунё омад ва модар ба писари навзодаш Искандар ном ниҳод, то вориси қонунии падараш гардад.

пешина
аз 84
навбатӣ