Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
мӯъҷизаи нотакрор, ки дар кафи биёбони сӯзону нопайдоканор як пораи равзаи ҷаннатро мемонд, мавқею мартабаи аввалаашро бохт ва Боғи Муаллақ аз ҷониби муаррихону бостоншиносон ва меъморону муҳандисон баъди Аҳромҳои Мисри қадим чун дуввумин мӯъҷизаи олам пазируфта шуд.
Шӯҳрати шаҳри Бобул бо ҳисори рахнанопазиру силсилаи бурҷҳои бешумори дидбонӣ, дарвозаҳои бузургу хиёбону кӯчаҳои васею мавзун, манораи оламгиру Боғи Муаллақи мӯъҷизавиаш чандон дер напоид. Тирамоҳи соли 539 то милод шоҳи Ҳаҳоманишиҳо Куруш бо лашкари сершумор роҳи Бобулро пеш гирифт. Дар канори рӯди Даҷла миёни пиёдаву саворааскарони форсҳо ва бобулиён ҷанги шадиде рух дод. Лашкари аз зафарҳои паёпай сармастшудаи Куруши Кабир ба ҳамла гузашта, ҷанговарони шоҳи Бобул - Набонидро шикасти сахт доданд. Сарлашкари Куруши Кабир - Гобрия бо суръати тамом душманро таъқиб намуда, бе ҷанг чандин шаҳрҳои бузургу вилоятҳои Бобулро ба даст овард. Баъди ду рӯз Бобули овозадор забт гардид ва шоҳи он Набонид асир афтод.
Куруши Кабир, ки кайҳо боз орзуи ба даст овардани хизонаи шоҳони Бобулро дар дил мепарварид, бо муқаррабону ҷанговарони хоса 29 октябри соли 539 то милод вориди пойтахти
Шоҳи Бобул Набонид. Мусаввараи Рочер Пейн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё