Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

бо шилдирроси оби наҳрҳову навои мурғони хушилҳом як пораи биҳиштро мемонд. Силсилаи сутуну аҷсоми айвонҳо дар паноҳи дарахтони анбӯҳ ва буттаҳои зич ниҳон буд. Ду қабати болоии силсилаи сутуну зинаайвонҳо аз ғояти афзунии току ҷафсии дарахтони азим қариб наметофт ва бинанда аз дур мепиндошт, ки боғи дилфиребе дар қафи кӯҳтеппа муаллақ истодааст. Қабатҳои поёнии Боғи Муаллақ асосан барои қабули меҳмопону сафирони хориҷӣ ва аҳли дарбор буда, бо тарҳи мӯъҷизаосояш ҷумлаи бинандаҳоро мафтун мекард. Дар поёни боғ ҳавзи бузурги сунъие сохта буданд, ки поғундаҳои гулобии марворидаш касро то сари ҳавз мебурд. Акси боғ, дарахтҳои сарсабз ва силсилаҳои зинаайвону фарози кӯҳтеппа дар оби шаффоф фитода, бо ҳазор ранг ҷилва мекард. Дар болои кӯҳ андар иҳотаи дарахтони анбӯҳ ҳавзи дигаре воқеъ буд, ки риштаи ҷӯйҳои бешумор ва лулаҳои обрасон аз он сар зада, барои тару тоза ва салқин нигоҳ доштани боғ мусоидат мекард. Ин ҳавзро шабҳангом ғуломон бо ёрии таҷҳизоти обкашонӣ ва олотҳои дастии обфишор аз чоҳҳои зеризаминӣ пур мекарданд ва захираи об рӯзи тамом фаввораву шаршараҳои сунъӣ ва шабакаи обёриро таъмин менамуд.

Вақте ки офтоб майли ғуруб мекард ва шӯълаи шафақ бар фабоғи муаллақ мефитод, шоҳбону Амухеан дар иҳотаи рабон ва канизакони нозанин бо сайёҳати боғ мебаромад. И асрорангези дами бегоҳро нағмаи мурғони хушилхон, таи оби ҷӯйу фаввораву шаршараҳо мешикаст. Бӯи гулу ва навозиши насими атрбёз, навои баргҳову шохаҳои нгаи дарахтон хумори ватанро дар дили шоҳбону мени- Шом фаро мерасиду дар осмон гули ситораҳо мешукуфт оғӯши дарахтони анбӯҳ ҳазорон қандилу шамъҳои хурду бузург фурӯзон гашта, як манзараи шигифтовару афсонаосеро дар чашм ҷилва медод. Навҳаи паррандаҳо ноаён хомӯш мешуду дар сукути хилвати шабҳангом нолаи най танин меандохт. Шаҳбону аз овони кӯдакӣ ба нолай найи чӯпонии зодгоҳаш меҳр баста буд ва дар ин хилватгоҳи Боғи Муаллақ мепиндошт, ки чӯпони хастаҳоле бо сеҳри най ҷумлаи дарду доғашро меги- ряду санги гаронеро аз дили ӯ мерабояд.

Солҳо гузаштанд, шӯҳрату овозаи Боғи Муаллақ дар саросари олам паҳн шуд. Манораи осмонбӯси Бобул дар қиёси ин

пешина
аз 84
навбатӣ