Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ана ту чӣ хел... Ин чубуки бӯгинро бо йигитҳо ба ҳар чӣ ки хоҳам иваз мекунам. Ман инро рӯзи ҷашнвораи Май ёфта будам, ки... эҳ-е... ин чубук. Бубин, чӣ хел! Тоза карда ба он ана ин хел... тамоку мегузоранд ва...

Тоқаташро аз даст дода, нишон медод, ки читур аз он дуд мекашанд.

— Қани, ба ман деҳ! — бо як шӯридагӣ гуфт модар, ки кайҳо ба миш-миши онҳо гӯш медод. — Ин чӣ бешармӣ; ман ба падарат арз хоҳам кард. Зудан ба дасти ман деҳ!

— Ман... Ман тамоку намекашам, — парешонҳолона гуфт Илхон ва ҳамоно ба баҳонаҷӯй даромад. — Ин дигар они ман нест. — Мо онро бо Пӯлод иваз кардем... ва чубукро пинҳонӣ ба дасти бародархондаш дод.

— Ба ҳар ҳол онро ба ман диҳед! — истодагарӣ кард Нортоҷ ва бо як ҳайронӣ ба писараш нигарист: яъне наход, ки чубук ба ӯ лозим шуда бошад? Ин кори хуб нест ва ба хубӣ ҳам намебарад...

— Ҳа, мо ҳамин хел... — бо парешонӣ гуфт Пӯлод ва чубукро сахт ба мушташ зер карду ба хулосае омад, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳад дод... — Мо фикри тамокукашӣ надорем. Ҳамин хел иваз мекунем. Ман онро бо дафтараке... бо як бача иваз мекунам.

Пас чубукро ба ҷайбаш андохт... яъне мубоҳисаро оид ба чубук хотима дод. Модараш нобоварона сар ҷунбонду дигар хомӯш монд, зеро хушбахтона Ялқоп дар хона набуд.

Ҳамааш ба хубӣ меанҷомид, агар Илхон ҳангоми хӯрдани нони шом миш-миш намекарду модараш аз гӯ- шае пинҳонӣ ба он гӯш намедод...

— Ҳайр, ту дафтарро ба ивазаш кай медиҳӣ?

— Э, ҳозир-е, вақташ мерасад...

— Ҳам он қалами ваъдагиро!

— Қаламро ҳам медиҳам, бирав...

Нортоҷ боз ҳайрон шуд, — охир чаро ки Пӯлод дафтарашро иваз мекунад... мебарояд, ки ӯро фиреб додааст? Чаро? Охир, ин чубуки лаънатӣ ба ӯ чӣ лозим бошад? Ин ҷо кадом сирре буд ниҳон, сараш андешае мебоист, аммо ӯ дар ин ҳолат чӣ андеша ҳам мекарду барои чӣ ҷанҷол мекард? Ва ҳангоме ки дастурхонро кушоду ишками шӯй аз кор баргаштаашро сер кард, тамоми ин лаҳзаот айёрона ба бачаҳо менигарист, ки аз чизе сахт норозӣ ва парешон буданд. Танҳо акнунӣ, ҳамин

пешина
аз 328
навбатӣ