Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Бале, бале, Пӯлод ана ҳамин хел бача... Ӯ дили сагона дорад, монанди дили ман ғамбор... — Маълум, ки ӯ хеле афгор буд ва қариб аз шодиву шунидани таърифи писараш гиря сар медод. Ё шояд ҳамин буд, ки аз пештара дида бо он чашмони пистагияш бечоратаргу ғамбортар менамуд. Ва ӯ нигоҳи шафиқи Холбикаро эҳсос карду наранҷид, балки дар ҷавоб надаке гунаҳкорона табассум ҳам кард. Фақат бадабахтӣ дар он аст, ки умри чунин одамон талх мешаванд...
— Шояд, надаке менишинед, дам мегиред?
— Не, не, ман савор омадам... ҳарчанд дар ҳар, аммо савор. Моро «шумо» нагӯед, хоҳаракам, — майлаш, зеро шармам меояд. Ман роҳбар нестам-ку?
Холбика як хандиду сар ҷунбонд.
— Ман-ку намеомадам, аммо ана поям... Мехоҳанд бистариям кунанд. Чароҳатам кушода шудааст. Баъд кай аз он ҷо баромаданамро намедонам... — Ӯ лабашро таи дандон карду ғамгин шуд ва Холбика дар симояш як марди маҷрӯҳи пасту баланди зиндагидидаро бо чашмони ба дуродур нигарон медиҳу...
— Писарамро дигар кай мебинам? Намедонам...
Ӯ дасташро ба ҷайби сари синааш бурдӯ як порча қоғази чоркатшударо баровард:
— Хоҳаракам, аз ту хоҳиш дорам, ки инро ба ӯ диҳӣ...
— Нома?
— Э-не, нишонии беморхона... ман гумон доштам, ки ӯро мебинам. Бигузор ӯ барои ман нома нависад. Фақат модараш нафаҳмад. Ин хел пинҳонӣ, албатта, ки хуб нест, аммо... Зеро, агар донад, шояд инро ҳам ба ӯ иҷозат надиҳад. Вале, аз ту мутташаккирам, ки маро шод кардӣ. Ту ӯро нигаҳбон бош, хоҳарам...
— Албатта, албатта... менависад.
— Ман интизори номаҳояш мешавам; ба ӯ чунин фаҳмон... Ваҳ, чӣ бемеҳрие, ман ҳатто номатро ҳам напурсидам...
— Холбика.
— Холбика?! — ӯ боз табассуме карду дар нигоҳаш як завқи кӯдаконае рӯ зад. — Холбика... Ин қадар номи зебо дорӣ. Ва худат ҳам одами хубӣ...
Ин суханон ӯро андаке безобита карданд.
— Чаро Шумо... чаро, ки ту... чунин мешавад, хоҳа- рам.. Чӣ, магар ман басту шаш сол беҳуда зистаам? — Ӯ ҳанӯз ҳам моил ба табассум ба Холбика менигарист ва дар нигоҳаш боз ҳамон андӯҳи бенишон ҷилва мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё