Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту ба ман бигӯ... Биё, дар лаби ҷӯбор мешинему фикр мекунем...

Ӯ нигоҳашро аз мактаб намеканд, ки Нурқулӣ писарашро наёбаду боз ба хона барнагардад. Шояд, ки Пӯлодро аз роҳ барораду боз ба Гочук барад. Ӯ ҳаргиз Нурқулиро нафаҳмида буду ҳанӯз ҳам намефаҳмид ва аз ӯ ҳама бадиҳои дунёро чашмдор ҳам буд...

— Биё мешинем, ман кай боз лаби ин ҷӯ нанишастам...

— Биё, беҳтараш ба хона меравему бандҳоро гирифта аз пайи ҳезум мешавем, ман ҳамаашро раҳбараҳ ба ту мегӯям...

Хайр чаро, чаро ки ӯ ростии гапро намегӯяд?

Ё шояд дар ҳақиқат ҳам ӯ тағои Онамуродро хабаргирӣ меравад?

Ҳоло ӯ дар ҳабсхона ҳоли бад дорад ва кӣ ҳам аз аҳволаш мепурсад ба ҷуз онҳо. Ва шояд оилаашро ба ягон ҷои номаълум бурдаанд, ки ҳама аз онҳо рӯ гардонидаанд. Не, ба дидани ӯ рафтан лозим. Касе аз онҳо чизеро гумонбар нахоҳад шуд, зеро онҳо, ҳам модару ҳам писар одамони ҳақиқатҷӯянд...

Холбика бачаҳоро ба танаффӯс сар доду аз пушти ғавғои онҳо мехост дохили хонаи муаллимон шавад. Ва ногаҳ аз миёни ин ҳама овоз, садое ғайр ба гӯшаш расид:

— Хоҳарам, як дам...

Ӯ ба қафо нигаристу мардеро дид, ки қоматаш болои асобагал хамида ва дар назар солдида менамуд. Чашмони калон-калонаш афгор буданд. Чунон чашмони ошное, ки гӯё онҳоро ӯ куҷое дида буд...

— Хоҳарам, ту муаллимаи Пӯлодӣ?...

Ҳо, ана ин чашмҳоро ӯ дар куҷо дида буд,— дар ҳамон сурат... Бале, ин падари Пӯлод буд ва начандон солхӯрда менамуд, чунону монда шуда буд. Ӯ бо ишораи ризо сар ҷунбонду бодиққату ғамхорона бар вай нигарист ва ҳама монадииҳои Пӯлодро дар симояш пайдо кард.

— Ман падари ӯям,— гуфт ӯ шармида ва нигоҳашро ба дигар сӯ тофт.

— Номам Нурқулӣ. Падари худаш, аммо хоҳиш мекунам,

пешина
аз 328
навбатӣ