Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
худашон додаанд, то вай ба хона бо дасти холӣ барнагардад. Пӯлод ҳам ба ӯ дарҳол унс нагирифт, ҳарчанд ки дӯсташ медошт. Ӯро сукутравию аҷиби падараш ва бӯи нофорами омехта бо тамокуи аскарӣ ва равғании гуталине, ки бо он мӯзаҳояшро пок медошт ва он доду фарёди дилгиркунандае, ки гоҳу ногоҳ дар хобаш садо медод, халалдор мекард. Аммо баъдҳо сарашро зери каши онҳо монда ҳамроҳашон хоб мерафт. Ва дигар вақте, ки падараш тарсида фарёд мезад ва кӯшиши аз ҷой бархостан мекард, ӯ наметарсид, балки оромона ба китфаш даст мерасонд, то бедор шаваду паҳлӯ гардад.
Аммо модараш... Модараш чандон хурсанд набуд... Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки бо ризояти худ ба шавҳар набаромадааст ва бо ин суханҳо падаро дар ҳолати ногуворе мемонд. Падар аз ин гуфтаҳо табассуме мекарду имои даст намуда пушти сарашро мехорид. Ӯ ба модар муқобилат карда наметавонист, ё ин ки намехост: хайр зан-да, бигузор гуфтан гирад...
Дар рӯзҳои аввал модар ғамхораш буд ва баъдтар ҳамоно шинелашро аз хона бароварда дар сарой овехт, гӯё ки бӯи мекардааст...
Ва он ҳамчунон овезон бимонд, чун бесоҳиб ва барои истеҳзои мардуми аулу: ва ин ҳисси қароҳатомез аз шинел оҳиста-оҳиста ба худи падараш мегузашт, ки Пӯлод ин ҳамаро ба мушоҳида мегирифт. Балки модараш ин ҳисро пинҳон надошта ҳангоми хонарубӣ ё шустушӯ гоҳо бесаброна мегуфт: «Худоё, нафасгирӣ душвор мешавад... Шуморо чӣ, дар ҳамон «карболик» оббозӣ дорундаанд?»..
Вале падараш, гӯё ки ба ин ҳама худаш гунаҳкор бошад, озурда табассум мекарду борҳо оҳи сабуке кашида ба атроф менигарист: Хайрият, ки ба хона расидам... Ин бӯи нофорам ҳам ба зудӣ дар панҷаи бод рафт, баробари гармии офтоби баҳорӣ ба рӯяш ҳам хун давид. Ӯ дигар на чун аскари аз ҷанг омада, балки чун як деҳқони оддӣ менамуд, вале танҳо пои чубину чигас ӯро ба маҷрои зиндагии муқаррарӣ ҳамроҳ намекард, то ки аз субҳ то шом дар саҳро заҳмат кашад, дар чарогоҳҳои домани кӯҳ аз пайи чорво бошад. Ба ӯ лозим омад, ки ба духтари мургпарваре дастёр шавад. Вале модар ҳамоно норозӣ буду бадҳашм...
— «Шӯи ҳама чун шӯву шӯи ман бошад... — ба дугонааш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё