Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ту осуда бош... Ман худам ҳам афгор шудаам, аммо ба як қарор омадан лозим. Ту фикр накун. Бирав хоб кун ман худам илоҷ меёбам...

Вале чӣ хел андеша набояд кард, вақте онҳо падару, хонаи дудзадаву азизашон, деҳаи Гочукро, ки ҳар санги сари роҳаш, дарахтону боду ҳавои он бароиш азизу ошно ҳастанд, ва он ҷоро, ки ҳаргиз бароиш бегонагӣ надошт, мехоҳанд тарк гӯянд? Бегонагиро ӯ танҳо як бор эҳсос карда буд, вақте модараш ӯро ба шаҳр ба хонаи тагои Онамуроди камгапу гирдрӯи айёрчашмаш бурда буд. Тагояш ҳам ба ӯ хуш наомад, ва он ҳама бегонагии шаҳре, ки ӯ дида буд бо ҳама аҷоиботаш чун хобу афсона менамуд. Агар росташро иқрор шавем, ҳатто аз одамиони назарбаланди бепарвову бешумораи, ки рафтуо доштанду ба ӯ ва модараш нигоҳе ҳам намекарданд, хушаш намеомад. Хайр чӣ фарқе доштааст: Авуле мисли Гочук, аммо бегона, он ҳама авулҳои серу пуре, ки замоне дар сурудҳои мактабӣ васфашро мекарданд, дигар вуҷуд надоранд.

— «Ҳама ҷо қаҳтист. Ресмон намеёбӣ, ки худро дор кашӣ» — ба оҳанге гуфта буд тагои Отамурод, ки гуфтаҳояшро бовар накардан намешуд. Воқеан тагои Отамурод дурӯғ намегуфт ва барои ин хислаташ ӯро эҳтиром мекарданд. Магар фикр накарда мешавад, вақте ки онҳо падарашонро, ки оқибат аз ҷанг баргашта буд, падаре, ки он қадар ҳамроҳи модар интизораш буданду он қадарҳо дар лаби танӯри кӯҳнаву сердуд шабҳои дарози зимистон ёдовараш мешуданд, — партофтанд?

Пӯлод хуб дар хотир надошт, ки онҳо ӯро чӣ тур гусел карда буданд, танҳо дастони азиму шахшул ва бӯи бади арақи мардонаашро дар ёд дошту халос. Боз сурати афсурдааш бо ӯ монда буд, ки онро ҳол ба ҳол аз ёд медонист, аммо аз он ба ӯ чӣ фоида: марде, ки дар он акс ёфта буд дигар ҳар қадар, ки дӯсташ медошту интизориаш мекашид акнун барои ӯ ношиносу номафҳум буд. Аммо вақте, ки падараш баргашт, Пӯлод ӯро аввалин шуда дар пеши кулбаашон диду нашинохт. Нуркулӣ пир шуда буд, ришаш давида ва оҷангҳое дар рӯяш дамида, ҳекиртакаш барҷаста, шинелаш чун либоси гадоён жандаву чиркин, ӯ бо ҷароҳатҳои базӯр шифоёфтаву як пои чӯбини шишамоҳанд ва ду борҳалтан пур омад, ки ба ҳама савғо расид. Баъд қоил шуд, ки ин тӯҳфаҳоро аскарони роҳгузар аз ҳисоби

пешина
аз 328
навбатӣ