Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дӯст намедорам. Не, ӯ ба дили ман нест. Агар чунин аст, пас чизе намерасад.
— Фаҳмо, — бо тайёрӣ гуфт Нортоҷ.
— Фаҳмида бошӣ хуб аст. Ҳамаашро якояк ба ту гуфта намедиҳам, баъд худат мефаҳмӣ, нодон нестӣ-ку... аммо шарафи маро нигоҳ дор, зеро бо ин гурковҳо каме суст биёӣ, ба гарданат менишинанд! Бигузор онҳо донанд, ки мо барои онҳо як каландбадаст нес-тем...
— Ана инаш рост аст, дар ин масъала ман тараф-дори туам!
— Пас, ана ҳамин хел зиндагӣ хоҳем кард... Вале ту бошӣ, — гуфт ӯ ба Пӯлод, — аз худи пагоҳ саҳар сар карда ба мактаб меравӣ, аллакай ман ба мудири мактаб гапзанон кардам. Мегӯяд, ки марҳамат, биёредаш мо ӯро меомӯзонем. Муҳимаш ин ки хуб хонад...
— Не, Пӯлоди ман боғайрат аст, — гуфт модараш бо шодӣ ва ба писараш нигоҳ кард:
— Ҳамеша хуб мехонад, вале гоҳо дар кӯча бозӣ кунад, хонданро аз ёд мебарорад. Илхон ҳам ба гӯ-монам кӯшиш мекунад...
— Ҳ-ҳа!.. Қош чунин мешуд. Охир калакаду аст. Ӯ ҳангоми дарс чун суғур хоб меравад... Холбика ҳам ҳатто давои ӯро наёфт.
Илхон тарсида як ба падараш нигаристу баъд ни-гоҳашро ба дастурхон равона кард. Нортоҷ бошад ба ҳимояи ӯ кӯшиш мекард:
— Хайр шуд, дигар нагӯ...
— Чӣ, ман рости гапро гуфтам. На мехонаду на ба кори хона ёрӣ медиҳад. Ба ҷуз хӯрду хоб аз ӯ чизе намерӯяд...
— Ҳеҷ гап не, онҳо ба Пӯлод якҷоя мешаванд... Ба ӯ кӯмак мекунӣ, Пӯлод?
Ӯ бо розигӣ сар ҷунбонду ба бародархондаш ни-гарист. Илхон фаҳмид, ки касе акнун ба ӯ сиёсат намекунад, бепарвоёна ба ҳар тараф нигоҳ мекард ва гӯё ки дар борааш гап ҳам намезаданд.
— Мебинем, — бепарво гуфт падараш. — Фақат ди-гар бор раҳ-бараҳ чунин хобаш барад, ҳаргиз ӯро ба шаҳр нахоҳам бурд. Ана Пӯлодро ҳамроҳ мегирам, ӯ дигар дар хона мешинад... Маро ин суву он сӯ раф-тан мебояд, ба хонаи тагояш равему шинос шавем. Хайр вақте ки хешу табор шудӣ, барвақт ё дер шинос шудан лозим аст. Ба фикри ту чӣ?

пешина
аз 328
навбатӣ