Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қурӣ Хоҷӣ ҳам дар чорраҳа чашмонашро пӯшида рост меистод:
— Орзу, туро шинохта намешавад, хеле озодаву дилрабо шудаӣ, бадавлат мешавӣ.

Холаи Орзу хост, ки ба ӯ гӯяд: «Мебинӣ, Хоҷӣ, ту ба гуфтаҳоят ҳақ набудӣ. Ана, туҳфаи одамони наҷиб аз гӯсфанди зебои ман ҳам камӣ надорад». Аммо андешаи гӯсфанд барои ӯ чунон гарон афтод, ки ҳама дороияш пеши ӯ арзише надошт. Ва ба назари Орзу чунин менамуд, ки ҳама дороии дунёяш бо он гӯсфанди зебо, ки номаш соатҳо боз вирди забони аҳолии деҳаи Гочук буд, гӯё бе баргашт рафта буд. Охир ӯ чандон беҳуда накӯшида буд, ки пули гӯсфандро танга ба тан-га ҷамъ овард. Боз бо он ҳама шодӣ ҳам кард, ки гӯс-фанд абадан дар хонаи Вакил-дароз монда буд. Ба ҷои гӯсфанд бошад ҳоло ин сарбанди гарму зеборо ҳамчун туҳфаи Вакил-дароз ва ҳамсараш бо худ дошт.

Холаи Орзу бо табассуми нарме сарбанди навро даври сар кард ва ғарқи андешаҳои фаромӯшӣ буд, ки ба хонааш ҳам расид. Ана, даричаи ҳавлӣ: аз шодӣ ҳатто садои ин даричаи фарсудаашро ҳам дигар на-шунид. Пайраҳаи ҳавлӣ чунон махину дилкаш менамуд, ки кас мехост то дергоҳ болои он пойлуч бараҳна гардаду гардад. Ана, ниҳоли биҳӣ, ки онро рӯзгоре бо шавҳа-раш шинонда буд...

Ғарқи андешаи ҳамин лаҳзаҳои ширин буд, ки Орзу нигоҳи касеро дар хеш эҳсос кард. Ӯ ба ақиб нигоҳе карду дид, ки дар сояи девор, танаи тутӣ гӯшаи ҳавлӣ гӯсфанди зебое банд шуда буд. Аз тарс шах шуда чаш-монашро ҳам андаке пӯшид. Сарашро такон дода чаш-монашро дубора кушод. Гӯсфанд илтиҷомандона ба ӯ нигоҳ мекард, гӯё ки мепурсид: «Хайр, Орзу, баъд аз ин чӣ хоҳем кард?»...

пешина
аз 328