Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

— Пӯлод, ту куҷоӣ? — гуфт ӯ ранҷида ва оқибат ӯро дид. — Нобуд шудӣ, модарат он ҷо мепурсад... Рафтем, ту ягон чиз хӯр, истироҳат кун, охир аз роҳ омадӣ... Чӣ, чойҳои моро дидӣ, ошно шудӣ?

Пӯлод ҷавобе надода дилу бедилон аз пушти ӯ равон шуд. Кулба то он дам пур аз одам шуда буд. Занҳо зиёдтар буданд. Ӯ аз остона нигоҳи гунаҳкоронаву табассуми рӯҳбардори модари орову-торо ёфтаашро дид, ки ба ӯ равона шуда буд ва аз пушти мардум ба ҷое мерафт, ки мебурдандаш. Зани фарбеҳе бо чашмони бумӣ, ки дар ҷонмоён менишаст, бо овози баланд аз он менолид, ки ҷанг «ними одамонро» ба коми худ фурӯ бурд: — ...дигар кӣ кор мекунад? Не, занахҳо, зиёдтар зоидан лозим, дигар кӣ гов меҷӯшаду кӣ подабонӣ... кӣ дар саҳро кор мекунад?

Баъд ӯ дар бораи кадом як бомбаи аҷиби «америкой» сухан кард, ки аз ҳозирин касе то кунун нашунида буд. Ӯ инро гӯё аз забони кадом як домоди шаҳрияш шунида буд, ки бо чашмони худаш дида будааст.

— Онро, бо аэроплан баланд-баланд парвоз карда, баъд мепартояд ва ҳама одамон чун тутдона ба замин пош мехӯранд... ҳа, дугонаҳо, ба ҳама зиёнаш мерасад, ба ҳеҷ кас раҳм намекунад.

Ҳамсояи ӯ аз тарс гиребони пироҳанашро дошта
тавбаву надомат мекард:

— Ё Худо, моро дар паноҳат нигоҳ дор! Он чиро кӣ ба гӯшам мешунавам илоҳӣ чашмонам набинад...

— Бале, бале, ба ҳар кас, ки оташаш нарасад, аз шамолаш хоҳад мурд. Мегӯянд, ки лаънатӣ ҳама ҳаворо месӯзонад... Ва одамони сӯхта сӯҳударо ба чор тараф пош медиҳаду аз кулбаҳо ба ҷуз хокистар чизе боқӣ намемонад...

Ялқоп, озодона дароз кашида ба болишт такя дода, бо тамасхур ба ин муҳоботи занон гӯш медод. Баъд ин суханон бар ҷонаш заданд, зеро ба оҳанги хурсандӣ ҷӯр набуданд, ки гапи он зани фарбеҳро бурид:

— Ту чӣ, апа одамопр-ро ба ҳарос гирифтор мекунӣ?
Ё гуфтани ҳастӣ ки чунин бомбаро рафиқ Сталин надорад ва моро онҳо чун суғурҳо нобуд мекунанд?

— Ин бомба аз ман нест азизам — ба хотири ранҷида ва аз чизе ҳаросида гуфт он зан. — Ин бомбаи америкой аст ва ту маро ба ин кор олуда накун. Ман чизе гуфтан ҳам намехоҳам.

пешина
аз 328
навбатӣ