Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бале, — бо меҳмонӣ давом дод меҳмон, — Онамӯродбоғоро кӣ намешиносад?..

Модар дохили хона шуд ва бо як беқарорӣ дид, ки онҳо дар кадом ҳолатанд. — Ана Пӯлодҷон портфелашро пеши ман таъриф кард, — гуфт бо як қаноатмандӣ ва гӯё ки ин портфелро на ба Пӯлод, балки ба худи ӯ тӯҳфа карда бошанд.

— Шукри худо, ки бародарамон моро фаромӯш намекунад. Рости гап бисёр ба кор банд аст, аммо... Хайр ба роҳ мебароем, худо сафари нек диҳад.

— Ана, ин гапи дигар, — беихтиёр сар ҷунбонд Ялкоп. — Вале роҳро интихоб бояд кард... Ва мо он роҳро интихоб кардем!

Дастурхонро имрӯз бо саросемагӣ гундоштанд, аммо аз ҳама чизҳо беҳтарин... Пӯлод дер боз ба чунин серӣ нахӯрда буд, дер боз чойи хушбӯи сабзро ҳам нанӯшида буд, зеро ҳамеша оби алафҳои биёбонро истеъмол мекарданд... Баъд онҳо ба бор кардани анҷомашон шурӯъ карданд. Барои бурдан он қадар бор ҳам надоштанд ва лавозимоти зиндагиашонро Ялкоп бо ду зӯр задан кашонду ба қафои ароба бетартибона партофт. Касе ҳам онҳоро гусел накард, ба ҷуз гурӯҳи бачагоне, ки дуртар гирд омада, хомӯшу ором, чун мӯсафедон рост истода, аробаву говҳову бесарусомонии онҳоро тамошо мекарданд. — Ақаллян ягон рафиқам ба гусел меомад — андӯҳгинона фикр кард Пӯлод. Не, аз онҳо дигар касе наменамуд. Калонсолон онҳоро шояд дар хонаҳояшон маҳкам карданд. Вагарна кайҳо ин ҷо мебуданд. Роҳгузарон ба пеши хонаи Нурқулӣ мегузаштанд ва касе ба худоҳофизии онҳо намеомад. Танҳо холаи Орзугул, дугонаи дерини модараш, ки чанде пеш бо ӯ ҳам ҷанҷол карда буд, каланд сари китф аз роҳ гузашта (шояд, ки ба нони чошт хӯрдан мерафт) бо овози баланд гуфт: — Чӣ тайёр шудӣ? Хайр хеле хуб, дигар дар Гочук фақат занони пок боқӣ мемонад... — Рӯи модараш аз шарм сурх шуд ва хост, ки ҷавоб гӯяд, аммо Ялкоп дар ин ҷо пешдастӣ кард:

— Камтар ҳарза гӯй, духтарак! Вагарна доманат-ро даронда, ана бо ҳамин химча... Ва ҳамон хел покдо-ман ба роҳат рафтан гир. Мо ки ба ту кордор нашудем ба мо ҳам корат набошад.

Пӯлод медонист, ки бо як зани ношинос ва дар авҳу-ли бегона носазо гуфтан, — ин даҳшат аст,... Агар шӯи холаи Орзугулро дар чанг намекуштанд, ана ӯ меомаду

пешина
аз 328
навбатӣ