Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

— Биёед, генерал, камтар сайр кунем.
Вай дасташро кашида, ба франсуз нигоҳи мутаҳайирона дӯхт, гӯё мегуфт: ту магар аз ақл бегона шудаӣ, ҳозир ин ҷо ҳамин қадар аҷоибот мешаваду ту бошӣ...!

Чашмони осмониранги генерал, ки ҳарисона ба даруни хонача менигаристанд, бо қабати равғанӣ рӯпӯш шуда буданд, мӯйлабҳояш сих шуда, аз завқ меларзи- данд. Ӯ ба нӯги панҷаҳо рост шуда, худро боло ме- кашид, қариб буд, ки парвоз кунад, ӯ аллакай дар он ҷо — дар даруни хонача буд... Ин дафъа франсуз ҳил- лаи дигарро истифода бурд:

— Шумо чӣ хел фикр мекунед, агар ҷаноби фармон- деҳ баногоҳ бубинад, ки мо онҳоро поида нигоҳ меку- нем, ин ба ӯ маъқул мешавад?

— Чӣ хел поида нигоҳ мекунем? — дағалона бо са- вол ҷавоб дод Сиёҳ-сартип. — Мо ҳамту нигоҳ мекунем.
Лекин ҳис мешуд, ки Сиёҳ-сартип дудила аст, фран- суз давом дод:

— Ҳа, албатта, мо ку ҳамту нигоҳ мекунем, вале агар шоҳзода мехост моро ба даруни хонача таклиф мекард, лекин ин хел... аз ин мебарояд, ки поида нигоҳ мекунем.

— Ҳа,— зери лаб ғуррунгос зад генерал ва дар пешо- нии пасти каме ба ду паҳлӯ паҳншудааш чини чуқуре пайдо шуд.

Ӯ қариб ки ба франсузи аз оринҷи ӯ сахт қапидагӣ муқобилат накард. Чун аз хонача каме дур шуданд... Блоквил бо ҷиддияти кордони аз ӯ пурсид:

— Масъалаи борут чӣ хел аст? Умедворам, ки он басанда бошад?

— Мерасад,— туршрӯёна ҷавоб дод Сиёҳ-сартип араки фаровони рӯяшро, ки аз ҳаяҷони зиёд пайдо шу- да буд, пок карда.

— Хайр, ба ҳар ҳол? — паст наомад франсуз,— Аниқ- тар фаҳмидан мумкин нест, ки чанд уштур борутро мекашонад?

— Аз ҳазор бештар...

— Ҳа-а..., аниқтар имкон надорад, генерал?

— Аниқтар? Имрӯз кадом рӯз аст?

— Ҷумъа.

— Ҷумъа? Бисёр хуб. Акнун нигоҳ кун, агар шабу рӯз бетанаффус аз ҳамаи сию се тӯпамон тир парронем ҳам борут аз ин ҷумъа то ҷумъаи дигар мерасад, умуман, барои ин чаро сарҳоямонро гаранг кунем? Ту, чаноб

пешина
аз 328
навбатӣ