Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
да мурдан. Одамони аз ҳама наздики ӯ бошанд, дар тарим баста шудаанду ба вай ягон мададе расонда наметавонанд. Чӯпони пир калиман дӯстдоштаи «бобо»-ро дигар ягон вақт нахоҳад шунид. Дили мардонаи ӯ ба хурӯш омад, чун симоб боло шуд, сараш чарх зад. Мӯйсафед ба нолиш даромад:
— Худоё, Худовандо! О худои бахшанда! Ба ҳоли тифли бегуноҳ раҳм кун, худо-ҷон...
Деворҳои хонача ларзиданд, чунин менамуд, ки аз нолиши ӯ деворҳо фурӯ мераванд. Вале танҳо фарзанди одамӣ ба одами дигар раҳм намекард. Дасти навкари мӯйлабсиёҳ аз нав сӯи Огулчерен дароз шуд. Мӯйсафед чашмонашро пӯшид. Лекин даст норасида, ҷавонзан мӯйлабсиёҳро чунон тела дод, ки ӯ қафоноқӣ калавида рафт. Шоҳзода Ҳамза-Мирзо инро дида, бадҷаҳлона хандида, гуфт: «Аз дигар тараф санҷида бин!».
Мӯйлабсиёҳ ба Огулчерен аз дигар тараф ҳамла меорад, ҳозир ба ӯ нишон медиҳад, барои шармандагӣ, барои он ки ҳокими ӯ ба ҳоли онҳо механад, қасос мегирад. Лекин ӯ боз ба мақсадаш нарасид, ба кунҷи хона партофта шуд ва то хеле ба худ наомад. Зеро ин дафъа ӯро дасти занона, не, Мамад-ҳимоятгар, шавҳари ӯ лагад зада буд. Вақте, ки мӯйлабсиёҳ наздик меомад, ӯ ҳамаи қувваташро ҷамъ карда, ба ӯ лагади обдоре фуровард. Хизматгори дигар ба рӯи Мамад бо қамчин зад, бори дигар заданӣ буд, ки шоҳзода бо ишора фармуд: — даркор нест.
Акнун корро ду навкар ба зима гирифтанд. Яке аз чап, дигаре аз рост якбора ба Огулчерен дарафтоданд. Ҳарчанд ӯ муқобилат нишон медод, лекин яке аз хизматгорон тавонист мӯи ӯро ба чанг орад. Акнун ӯ монанди уштуре, ки лаҷомаш дар дасти касест, маҷбур буд ҳамон тарафе қаҷ шавад, ки мӯҳояшро сахт мекашиданд...
Гулибеф-де Блоквил чун парижии ҳақиқӣ аз шиддати наҷобат майл кард ба ёри даст занад, лекин дарҳол дудила шуд. Дар дасти шоҳ Насриддин ҳуҷҷате монда буд, ки даҳолати ӯро ба ҳар гуна амалиёти форсҳо манъ мекард. Вале ба ҳар ҳол ӯро ҳоло он коғаз нигоҳ надошта буд. Ва Блоквил бе коғаз ҳам мефаҳмид: бо таппончаи базебат агар ба хонача дарой, ҳамон замон сари малламӯят аз тан ҷудо мешавад, онро навкар — муҳофизи мӯйлабсиёҳ бе ягон андеша мебурд. Блоквил оҳ кашида, аз зери оринҷи генерал дошт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё