Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Хона аз ман аст, гӯсфандон аз бой, — мӯйсафед кӯтоҳ ҷавоб дод.
— Мегӯянд, ки туркманҳо халқи меҳмондӯстанд, — лабханд зад шоҳзода. — Ту дахмарда ба ин чӣ мегӯӣ? Ё одамон дурӯғ мегӯянд?
— Туркманҳо меҳмондӯстанд, — мӯйсафед ба онҳо бодиққат чашм дӯхт. — Ба хона фақат баъди салому алейк таклиф мекунанд. — Ва оҳи чуқуре кашиду маътали ҷавоб нашуда, ба асо такякунон сӯи хоначаи худ равон шуд.
Савораҳо бошанд байни худ хушҳолона гап зада, аз ақиби ӯ роҳ гирифтанд. Вақте, ки ба хонаҳо наздик шуданд, аз он хонае, ки дар тарафи рост буд, ҷавоне баромада, боадабона ба меҳмонон салом дод.
— Писаратон? — шоҳзода абрувонашро бардошта, таваҷҷӯҳ намуд.
— Писари калонӣ... Мамадҷон.
Дар ҳамин вақт аз хоначаи тарафи чап зарфи ширдор дар даст ҷавонзане намудор гардид ва одамони ношиносро дида, зуд аз роҳаш баргашт.
— Ҳм-м-м, — аз ақиби ӯ чашм дӯхта, талаффуз кард шоҳзода. Ва муяссараш низ шуд, ки дастакони сафеди ҷавонзан, ҳамчунин чашмони чун айни саҳаргоҳ мусаффову обдори ӯ ва онро ки ба сони охубаррае хиромон ба хоначаи худ даромада, нопадид шуд, бубинад. Ва шоҳзода қариб, ки ба бинияш чин андохта, гӯё маҳкум мекарда бошад ба мӯйсафед нигоҳи ҷиддие дӯхт. Мӯйсафед бошад гуноҳи номафҳуми худро баногоҳ ҳис карда, зуд даҳон кушод:
— Ин арӯс, келинам аст, аз хонаи волидайнаш ба қарибӣ омад.... баъди қайтарма..., худо диҳад мо ҳам пеш аз марг соҳиби набера мешавем.
— Ҳамин хел, — гуфт хаёломез шоҳзода ва аз асп ҷаҳида фуромаду нигоҳашро ба зер афканда, оҳиста такрор кард: — Ҳамин хел-а... Ва дарҳол сӯи писари калонии дахмарда, ки дар наздикаш меистод, гӯё ҳоли ҳозир ӯро дида бошад, тез чолокона даст дароз кард. Мамад хурсанд шуд: охир то ҳол бо чунин ашхоси хушлибосу зебо вонахӯрда буд. Ҷавон дарҳол ҳарду дасташро дароз кард ва онҳо дар байни дастони калону пурқуввати шоҳзода пинҳон шуданд. Баъд аз ин шоҳзода муддате ба андеша рафт, дигарон бошанд, бо эҳтиром ва хомӯшона мунтазир буданд. Ҳам мӯйсафеди чӯпон, ҳам Мамади хушкаду базеб, ҳам аҳли рикоб... Шоҳзода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё