Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
лакати бегона буданаш маълум буд, дида, мӯйсафед ба тааҷҷуб омад, даҳонаш беихтиёр нимроғ шуд ва дандонҳои мустаҳками аз таъсири тамоку зардшудааш намоён гардиданд. Вақте, ки ин ҳолати ӯ аз назар пинҳон намонд, шоҳзода Ҳамза Мирзо писханд зада, лабони тунукашро кушод:
— Ҳа, даҳмарда, коре карда фаҳмиданиӣ, ки ин одами дар пешат будаги кист? Ҳамин хелиро дар умрат дидай?
— Дар умрам якум бор мебинам, — гуфт пирамард мӯзаҳои дарози ҳайратангез, ғилофи таппончаи милкутоҳи бо ким-чи хел зангулаҳои нуқрагин ороёфта ва тугмаҳои ғайриоддии остини камзули франсуро аз назар гузаронда истода. Лекин аз ҳама бештар мӯзаҳо тааҷҷубовар буданд: «Онҳоро чӣ хел мепӯшида бошанд? Ё ки якбора дар пойҳояш дӯхтаанд? Вале ин хел бошад шаб онҳоро аз пояш чӣ хел мекашад?»
Ин ҳайронии софдилона ногоҳ ба шоҳзода маъқул омад ва ӯ табассумкунон сар ҷунбонд. «Ин одамони маҳаллӣ мисли кӯдаканд!» — бори он супориши вазнинеро, ки ӯро фаро гирифта буд, қариб ҷисман ҳис карда, фикр кард ӯ. Ҳа, барои кори намоёнеро ба поён расондан бо ин мардуми қафомонда қувваи зиёде сарф хоҳад шуд. Шоҳзода ҷиддӣ мешавад, лекин боинсофӣ ҳам хоҳад кард. Ва оҳ кашида, бо овози дилгир ба даҳмарда фаҳмонданӣ шуд:
— Одамеро, ки ту мебинӣ Блоквил ном дорад. Хеле дур аз кишварҳои Шумо як мамлакат ҳаст — Фаранг¹. Ту ягон бор дар бораи ин хел мамлакат — Фаранг чизе шунидай?
— Фаранг? — мӯйсафед дасташро ба бехи гӯшаш монда, тез пурсид. — Фарангистон? Шунидаам, шунидаам, шунидаам, албатта шунидаам...
— Хайр, агар шунида бошӣ, ин одам аз ҳамон ҷо, Фарангӣ аз Фаранг.
— Фарангӣ, — мӯйсафед хурсанд шуд: узуп — мушт гӯши калон — почтаи бесим аллакай хабар расонд, ки ҳамаи илмҳоро медонад, Фарангӣ ояд.
— Медонам, медонам, Фарангӣ олим аст.
Шоҳзода «ҳм-м» гуфта, пурсид:
— Даҳмарда, хонае, ки аз дур метобад, аз туст? Гӯсфандоне, ки ҳай мекунӣ оё аз туанд?
1 Фаранг — Франция.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё