Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
хеле серупур зиндагӣ кардаанд. Хонаҳояшон... на ин хонаҳои қаҳгилии мо барин...
Дар бораи ҷудоиву рафтанашон ҳарфе назад, Пӯлод ҳам аз пурсиши ин мавзӯъ шарм мекард ва ҳатто умед дошт, ки модараш аз ақидааш хоҳад гашт ва зиндагияшон чун пештара идома хоҳад ёфт...
Аммо модараш кам-кам анҷомашро ғун медошту чуволҳоро меафшонд ва ҳатто дар гӯшае ду таличаи калонро баста монда буд. Ана имрӯз аз субҳидам модараш ӯро ба мактаб рафтан намонд - ба ҳар ҳол он гуна ки модараш гуфта буд, ӯ аввалин шуда аз кӯча садои зангулаи бардавомеро бишнид. Аммо ин садои асобағали падараш набуд. Аз пушти модараш, — ки ба тиреза нигариста осемасар ба либоспӯшӣ шӯрӯъ карда пас беруни дар рафт, — баромада аробаи сабзу чорчархаи калонеро дид, ки ба чаҳор барзагови калоншоҳ баста шуда буд. Ароба дар пеши хонаи онҳо навакак қарор гирифта буд, ки аз он марди қадбаланду рӯдарози хушсару либос, дар по мӯзаҳои хуб тозашуда, фуруд омад. Кӯлоҳи хокистарии пӯсти барра дар сараш якпара меистод ва аз зери он мӯи маргуллаи пешонааш намоён мешуд. Пӯлод дарҳол ба хотир овард, ки ин мӯи назр аст ва чунин мӯйсарро қаҳрамонони ҷанги гражданӣ мемонданд, ки дар китобҳо ҳам оварда шудааст. Дар Гочук ягон мард чунин мӯйсар надошт ва ин тарзи мӯйсар барои мардуми онҳо бегонаву нодаркор буд. Мӯйсар лозим буд, аммо танҳо барои роҳбарон, андеша кард Пӯлод ва ё барои шаҳр, зеро дар шаҳрҳо ҳар хел буданаш мумкин.
Ба ин ҳама нигоҳ накарда, марди кулоҳи хокистарӣ дошта шалпар-шалпар ба химчаи тӯтӣ ба банди пойҳояш зада омадани онҳоро интизорӣ мекашид. Модар дасту по хӯрда буд, ки базӯр қадамҳояшро чида пеши ӯ ома-ду чизе гуфт. Шояд, ки саломалейк кард. Пӯлод ҳатто нафаҳмид, ки он мард бо чашмони оташбору шудаш ба ӯ чӣ ҷавоб дод. Онҳо ба ҳамдигар хуб нигоҳ карданд баъд модараш аз заҳмати роҳ пурсида, баргашт-ту ба Пӯлод нигоҳ кард:
— Ин ҷо биё, Пӯлодҷон! Ин... амаки Ялқоп аст, ки дар борааш ба ту гуфта будам... Биё, бо меҳмон салом гӯй!
— Хӯш, тайёред? — пурсид Ялқоп ва меҳрубонона ба Пӯлод сар ҷунбонда тамасхуромез ҷониби хонаи қаҳгилу ҳама хоҷагии онҳо нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё