Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ман, — Ойа бо як қарори ғайриоддӣ мехост бидонад, ки он сирре ки ин қадар ӯро дар азоб монондааст, чӣ тавр барои ин зани ғайримақбул фош мешудааст. — Ман ба шумо кор дорам, модар, — гуфту қадаме пеш ниҳод. Маълум ки аз «модар» гӯён муроҷиат кардани Ойа хушаш омада буд. Рухсорааш нур гирифта, овозаш меҳрубонтар гардид.
— Бигӯ, духтарҷон, гӯшам ба ту.
— Шавҳари ман... — Ойаро ногаҳон шарм зер кард.
— Чӣ шуд ба шавҳарат? — бетоқатона пурсид фолбин.
— Шавҳарам, ҳамин ки аз ҷанг баргашта омад, бо ман намехобад. Хостам ки фаҳмам, ки чаро?
— Қанд вақт шуд?
— Қариб як сол.
— Ҳеҷ ба наздат ҳам намеояд?
— Рӯзҳои аввал меомад. Якҷоя будем... Аммо... баъдтар алоҳида хоб мекардагӣ шуд.
Фолбин аз ҷайби ҷомаи зебояш ойнаи гирдеро бароварду аз болини зери қашаш як мушт пашм кашида бо он ойнаро пок сохт. Сипас онро ба чашмонаш, ба лабонаш наздик оварда, болои синааш гузошт. Болои шикамаш гузошту дубора ба лабонаш наздик оварда, чашмонашро нимпӯш карда, тез-тез чизе зери лаб гуфтан гирифт. На Баҳор, на Ойа ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам аз он чизе нафаҳмиданд. Фолбин ойнаро чарх занонда алвонҷ медод ва чизе мегуфт. Занҳо ҳаракати ӯро таъқиб мекарданд, ногоҳ ӯ таваққуф намуд ва ойнаро дубора ба ҷайб гузошту мутафаккирона ба забон овард:
— Ана, худаш чӣ гап! Ҳа...
— Модарҷон, чӣ аст? — беқаророна пурсид Баҳор.
— Ҳа-а, бинед чӣ шудааст. Духтарҷон, шавҳари ту дар ҷанг хуни зиёдеро дида каме бехуд шудааст.
Аммо ин ҳеҷ гап нест. Бадбахтӣ дар он аст, ки дар роҳи ӯ зани баде афтодааст... Туф, туф, модари ҳазрати Исо, Марям моро аз чунин балое нигоҳ дорад. Ин зан чун мор маккор буда, чун чин бераҳм аст, ҷодугараст, ки шавҳаратро бо як мӯи пояш дар дом афканда, чашмонашро торик сохта, дилашро рабудааст. Ҳарчанд шавҳарат мекушад, аз чанголи ӯ халос шуда наметавонад. Дар сурати ту гоҳ хари бадбӯ, гоҳ уштури девонашудаеро мебинад. Туф, туф, худоё худат аз ҳар бало моро нигоҳ дор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё