Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Рав, ту ҳам бо он фолбинат — Ойа даст афшонд, аммо ба фикр фурӯ рафт.
Баҳор бисёр маҳтал наистод. Дар охири рӯз худи Ойа ба назди ӯ омада, ба сӯе назар андохту, пурсид:
— Ту ҳам бо ман меравӣ?
— Ба куҷо? — худро ба нодонӣ зад Баҳор.
— Ба назди ҳамон фолбин-дия, — дар қаҳр шуд Ойа.
Баҳор аз он ки хост дугонаашро бозӣ дононд, пушаймон шуда, гарму оташин ҷавоб гардонд:
— Ойа, ҷонакам, ҳа, барои ту ба куҷое ки хоҳӣ меравам.
Дугонаҳо маслиҳат карданд, ки чӣ хел ба назди фолбин раванд, ки касе хабар нашавад. Дар рӯзи истироҳати якум Баҳор ба назди Ойа омада, аз Набот-ота хоҳиш кард, ки Ойаро бо ӯ «барои либосдӯзӣ» ҷавоб диҳад. Ойа дар навбати худ аз хушдомани Баҳор ҳаминро тақозо кард. Ҳарду зани ҷавон иҷоза гирифта аз канори аули баромада роҳи Самсикёбро пеш гирифтанд.
Хонаи фолбинзанакро онҳо аз рӯи тӯдаи зиёди занҳои пиру ҷавон, гоҳо ду нафарӣ, аслан як нафарӣ, ки дар сар яктахҳо партофта буданду хомӯшона мунтазири навбати худ меистоданд донистанд. Аз гуфтани дарди худ ба якдигар мешармиданд. Ҳам намехостанд, ки касе онҳоро шиносад. Ҳар касе дар ҷое, назди дар, зери девор пушти хока ба бадбахтии худ танҳо меистоданд. Ойа ва Баҳор пушти оғил паноҳ шуданд. Аз дидани кадом шиносе ҳарду дар тарс буданд. Аммо аз ғочуқиҳо ғайри онҳо касе набуд.
Ниҳоят зани логарандоми бузсурат, ки муовини фолбин будааст, ва навбатдоронро садо мекард, ҳардуро ба берун хост. Даҳлези хурди танг, ошхонаи калону дегдон, аз паси он утоқи айдак торик, ки ҳам фаршу ҳам деворҳояш бо қолинҳои қимматбаҳо оро дода шудааст. Дар як кунҷи ин хона болои болини мулоиме дар рӯйпӯши бахмалини сурх такя зада зани ғафсе бо рухсораҳои фарбеҳи овезон менишаст. Се хати занахҳои рӯи синаҳои лапасзананда болои ҳам мехобиданд, даҳони хурдаш чун даҳони моҳии даррандае во мешуд ва бисёр баднамо менамуд. Оя чашмашро зуд дигар сӯ гардонд — даҳони фолбин гирда шуда аз он чун садои ҳуштак суханҳо пайи ҳам мерехтанд. Чашмони оташаки сиёҳи хурд ба сӯйи ҷавонзанҳо дӯхта шуд.
— Зудтар кафтаронам! Кӣ ба ман кор дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё