Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

худи ӯ тани танҳо дар интизори он шӯи ҳимоятгару ғамхор зиста, аммо маъюбу нотавону на соҳиби худу на соҳиби оиларо дар рӯ ба рӯяш дида буд. Бигзор шабонашро дар он танҳоӣ, дар қулбаи бобоии худ... ба сар барад.

Масалан, ҳоло ӯ, шояд дар беморхона бошаду бо ҳам он давояшро гирад. Дар беморхона, ҳа, бигзор аз ин ҳеҷ фоидае набошад ва бигзор дар он ҷо пояшро сиҳат кунанд... Ист: дар беморхона?.. Аммо, охир ӯ бо Холбиқа мусоҳиб шуда буд-ку. Тамоми танаффус сӯҳбат доштанд, ки Нортоҷ худи ҳамон рӯзи дигараш фаҳмида буд... Шояд бо ӯ аз хусуси беморхона ҳам гуфта буд. Ӯ дар гуфтор марди хеле содда асту ҳама чизро мегӯяд ба муаллима албатта ҳамаашро фаҳмондааст, шояд токат накарда аз як сар батамом Пӯлодрод огоҳ карда бошад... Ана, онҳо дар кадом хусус сӯҳбат доштанд! Охир на якбору дубор ӯро дидан замон... хомӯш мешуданд.

Ин навигарӣ бо соддагиву дақиқии худ ба дили ӯ оташ андохт: албатта, худи худаш, ҳамин масъала... Бале, худи Пӯлод ба ҳеҷ ваҷҳ тоб намеорад, агар дар бораи надараш аз муаллима намепурсид ва муаллима ҳам ҳаводори чунин корхост, зеро ӯ Нортоҷро аз ҳамон рӯзи аввал дӯст намедошт, ки ин ба ҳама маълум буд... Аммо онҳо чӣ фикр карданд? Чӣ хоҳанд кард?

Магар ту намедонӣ, ки бачаат чӣ мехоҳад? — андешид ӯ худ ба худ. Оё ӯ нест, ки ба хотири бо падараш имкони мулоқот надоданат туро чашми дидан надорад? Ин ҷо ҳеҷ ҷон ҳайрони нест, агар ӯ ин корро карда бошад... кайҳо... Ӯ рӯзҳои пасииро ба хотир овард: ӯ тайи рӯзгори охир ӯ ба ҳеҷ куҷо, ба шаҳр ҳам нарафта буд... Худо накунад, ки чунин шуда бошаду Ялқоп аз ин огоҳ шавад. Чунон ҷанҷоле ба по мехезонад, ки ҳатто сӯи биёбон ҳам роҳатро намеёбӣ. Ба ин кор ҳаргиз роҳ додан лозим нест. Ӯ хуб медонист, ки агар онҳоро худаш нигоҳ надорад, каси дигар ба ин қодир буда наметавонад. Барои нигаҳдошти оила ақли Ялқоп хеле норасо буд ва бавижа баъди бадбахтиҳои ба сари бародари Нортоҷ омада хоҳиши зиндагиаш бо эшон мурда буд. Вале баъди чунин саргузашт талоқу ҷудоӣ...

— Не, фақат инаш лозим не!

Ӯ бори чандум буд, ки ба бачаҳои дар як гӯша хобида нигоҳ медавонд. Пӯлод ҳанӯз намехобид. Илхон ҳалқа зада кайҳо хӯрраки хоб мекашид, аммо писараш

пешина
аз 328
навбатӣ