Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асарҳо ба носиҳони беэътино қатъиян эътироз кардаанд. Донишманди тоҷик ба гунаи эътироз ба беэътиноии носихон аз муқаддимаи девони форсии Муҳаммад Фузулӣ пораи зайлро иқтибос кардааст, ки комилан ба принсипи матншиносии худи ӯ созгор буда метавонад. «Бурида бод дасти он котиби ҷоҳилу бесавод, ки ба қалами тешавори худ бинои илму маърифатро тахриб мекунад. Бурида бод дасти он ҷоҳиле, ки гоҳ ба тағйири як нуқта «муҳаббат»-ро «муҳаннат» ва «инаб»-ро ба «айб» табдил мекунад ва гоҳ бо тағйири як ҳарф «неъмат»-ро ба «накмат» ва «нодир»-ро ба «нор» мубаддал месозад. Сониян, бурида бод забони он бадмиҷоз ва безавқ, ки насрро аз шеър ҷудо намекунад ва бо тешаи забони худ асоси сохтмони шеърро хароб мекунад. Солисан, бурида бод дасту забони ҳасудоне, ки иддаои сухансароӣ мекунанду бар ҳасби завқу табъи ноҳинҷори худ шеърро чунон таҳриф мекунанд, ки ҳамаи зебоии он аз байн меравад» (Фузулӣ. Избранное. Баку: Азагосиздат, 1958, – С. 47-48).

Дар муддати фаъолияти пажӯҳишгарии худ А. Кӯчарзода ҳам дар матнҳои омодаи нашргардидаи осори классикони тоҷик ва ҳам мероси қаламкашони даврони нав ба чунин тахрибкорӣ дучор гардида, дар мақолаву китобҳояш барои пешгирӣ намудани ин амали носавоб ва ислоҳи нуқсонҳо кӯшиш ба харҷ додааст. Ӯ дар китоби «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» (– Душанбе: Матбуот, 2002), ки дорои ҷанбаи қавии назарӣ буда, дар матншиносии насри бадеии тоҷик таълифоти арзишманд маҳсуб меёбад, пайгирона аз гуфтори дар муқаддимаи девони форсии Муҳаммад Фузулӣ зикрёфта таъкид намудааст, ки: «Агар котибони кундзеҳну кутоҳандеш ва бедиққат аз нофаҳмию камсаводӣ муҷиби костагии нусхаҳо гардида бошанд, муншиёни хушзавку ҳунарманд дидаву дониста мувофиқи салоҳдиди худ матнро тағйир медиҳанд... нотавонбинӣ, гаразҳои шахсӣ, хусуматҳои мазҳабии носихон ва шароитҳои иҷтимоии давр низ боиси костагии матнҳои аслӣ мегарданд».

пешина
аз 226
навбатӣ