Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қалам лавҳаро зебо менигорад, бавижа агар мухотабаш ба қалам ишқу алоқа дошта бошад. Аслан инсонҳои қаламкаш назокати ба худ хоссе доранд, ки дар умқи нигоҳашон фалсафаи зиндагиро бо накӯӣ эҷод мекунанд. Ба мисле, ки аз дили шаб рӯшанӣ дармеоранду зиндагиро сафо мебахшанд. Устод Аламхон Кӯчарзода бо маънои томаш аз зумраи чунин ашхосест, ки сухан дар бағали маъниаш ба ҳусни адабу салосати гуфтор мепайвандад. Қаламаш шабеҳи ниҳоди поку сиришти накӯи ӯст, ки ҳамеша дар марзи эҳтирос аз ҳама гуна бадиҳо, бо авотифу меҳрубонӣ нақше дар номаи имрӯзу фардо гузоштааст. Аз он ҷо ки устоди азизро мешиносем, зиндагии ҳамнаво бо кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистонро дорад – орому сокиту бурдбор аст ва аз мавҷи ин қуллаҳои сар ба осмон кашида, андешаҳои хуршедиаш аз истиқлолу озодманишии як миллати куҳанбунёд дарак медиҳад. Қаламро устод аз роҳи ишқу ихлос ба сухан медарорад, аз ин рӯ, дар ҳар ду маврид, ҳам дар ҷодаи илм ва ҳам дар майдони ҳунар муваффақ аст.

Шахсияти устод Аламхон Кӯчарзодаро дар доираи илмӣ метавон аз монографияҳо, нақду баррасӣ ва китобҳои дарсии марбут ба соҳаи адабиётшиносии эшон дарёфт, ки муҳри бузургӣ ба номи ӯ зам намудаву ниёз ба пажӯҳишҳои алоҳида дорад. Аммо касди мо аз ин гуфтор рӯйнамоии ҳунари шоирии ин шахсияти нодир аст. Пеш аз он ки ба коргоҳи сухансанҷии устод Аламхон Кӯчарзода дарбиравем, ишора ба як нуктае аз мушоҳидаҳои холис, ки камол бар зарофати инсонии устод аст, марди розу армон ва ҳамсафари хуб будани ӯро дар масири бахт ошкор месозад. Дар миёни тоҷикон як мақоли хубе ҷой дорад: “Агар шахсияти инсонро дарёфтан хоҳӣ, бо ӯ ба сафар баро!” Ҳамин гуна бахте ба мо

пешина
аз 226
навбатӣ