Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
гӯрхонаҳо тааллуқ дошт, ба зане, ки аз ҳама зиёд дӯсташ медошт, дигараш дахл дошт ба писаре, ки аз ин бону рӯида буд ва чун нишонаи ӯ дар рӯи дунё бояд мемонд. Аммо ин нишона амсоли зани нишоновар зери хок монда буд акнун...
Умар Ҳофиз фақат баъди муддатҳои тӯлонӣ ва басо тӯлонӣ аз миёни ин гӯрпуштаҳо бармехост, балки даме бармехост, ки тирагиҳои шом рехта буд дар атроф. Ва тоб мехӯрд ва аз ин ҷо рафтанӣ мешуд. Вале ба касе бармехӯрд.
«Кӣ?» — ба такон меомад Умар Ҳофиз.
— ...Ман... — овози бачагона ба гӯш мерасид.
— ...Кӣ?...
— Мирзо...
Умар Ҳофиз бори дигар меларзид.
Пасон бачаяк Мирзоро ба оғӯш мекашид. Ҳумор ва армони писари рафтаашро гирифтан мехост бо ин васила. Тӯлонӣ Мирзоро аз оғӯшаш раҳо намекард, ё шояд медонист, ба ҷони Мирзо ҳам, амсоли писари зери гӯршудаи худаш хавфу хатари зиёд таҳдид дорад. Охир ҳама медонанд, Мирзо писархонди вай аст, яъне писархонди Умар Ҳофиз ва инро медонад, албатта Умари Дузд ҳамчунин...
Пас хавфу хатари зиёд ба сари ин писарак низ таҳдид дорад, яъне ба сари Мирзо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё