Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
намебахшанд ва шояд ба ҳуҷум меоянд, аз ин боис ба куҷое ғайб зада буд ҳамроҳи дастаи худ. Чунон ғайб зада буд ва чунон бенишон гардида буд, ки дарёфтан имкон надошт. Шояд аз ин диёр рафта буд ва шояд дигар барнамегашт. Умуман Умари Дузд дар ҳуҷуми ногаҳон ва ҳамчунин ногаҳон ғайб задан ва пиҳон гаштан таҷрибаи беҳамто, балки истеъдод дошт. Балки бо бенишон ғайб задани худ Умар Ҳофизро бештар алагдаву девона кардан мехост шояд вай.
Умар Ҳофиз баъди аз кӯҳистон Умари Дуздро дарнаёфтану басо овора шудану шабу рӯзҳои зиёдро он ҷойҳо гузаронидан, ниҳоят баргашта буд беҳол ва бемадор.
Ва аз по фитода, бемор гардида буд дар Исфара.
Дили вай ва пайкари таҳимтани неруманди вай гӯё шикастҳои бештар пайдо карда буданд акнун.
Коҳида ва рангпарида метофт Умар Ҳофизи чанде пеш қавитану беҳамто.
Асомиддин, ки пас аз шаҳид шудани писараш Камолиддин асобадаст гардида буд, барои Умар Ҳофиз, ки дар ҳастиаш беҳолии бештар, балки кадом як нишонаҳои солхӯрдагӣ ва фитодагии физоянда эҳсос мегардид, асои оҳании нақшдори дастааш кубанокро, дар устохонааш сохт ва овард. Зеро бори гарони дӯши Умар Ҳофизро акнун ҷисми наҳифшудааш бе асо ва хоса бе асои қавии оҳанӣ бардошта наметавонист гӯиё.
...Ва ин асо ана дар дасти мо будаву моро аз пайи ин воқеа ва рӯйдод овардааст. Рӯйдодҳои гузаштаи дур ва пурфоҷиа ва пурпеч...
Баъдтар Умар Ҳофиз, ба ин асо такя карда, меомад қабристон ва дар хилвати ин ҷо, миёни ду гӯрпушта, ки ба ду каси аз ҳама азизаш мутааллиқ буданд, менишаст. Яке аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё