Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

УМАР ҲОФИЗ
ВА
УМАРИ ДУЗД
ВА Ё
РӮЗҲОИ ПУРОШУБИ ЗИНДАГӢ

Яке аз узви ансамбли чойхонаи Қорӣ Носир, яқинтараш Камолиддин, вақтҳои ахир ба базми чойхона кам меомад ва ё омада наметавонист. Камолиддин писари хурмоириши исфарангӣ, тармимгари танбӯри машҳури Шоҳбароти шошӣ ва созандаи асбобҳои зиёди навогарӣ Асомиддин будааш.

Боиси ба чойхонаи Қорӣ Носир ва ансамбли вай кам омадани писари Асомиддини хурмоириш, яъне Камолиддин аз он буда, ки вақтҳои ахир дар кӯҳистони Исфара нафаре падид омада, ҳамроҳи чанд одами ба худаш монанд ба ҳаёти мардум халал ворид мекард. Ин нафар бо дастааш ҳатто аз мардуме, ки дар маросими Сайри Лола ба кӯҳистон барои лола чидан ва лоладарахт сохтан ва онҳоро ҷониби маркази Исфара овардан ва маросими созу таронаро шукӯҳу тараби дигар бахшидан баромада буданд, чанд танашонро даст гирифта, шиканҷа дода, пасон хуни онҳоро рехт, яъне баъзеашонро дасту по ва забон бурид ва баъзеашонро шаҳид кард, шодиву тарабе, ки соле боре насиби мардумон мегардид, ба ташвишу мотам бадал дод. Бори нахуст чунин шуда буд дар мавсими Сайри Лолаи Исфаразамин.

Акнун ба ҷойи лоладарахтҳо ба маркази Исфара, ки маросими асосии Сайри Лола ин ҷо баргузор мегардид, рӯйи шоҳаҳо ҷисми кушта ва хуншори шаҳидонро оварда буданд, яқинтараш шаҳидони лолакафанро оварда буданд.

Бори нахуст дар пойи Урдаи Исфара, яқинтараш дар саҳни Чойхонаи Лола, дар мавсими рӯидани шақоиқ ба ҷойи базми гулу сурудааш саллоти ҷанозаи қурбониён ба гӯш бирасид. Ва

пешина
аз 194
навбатӣ