Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
маргибӣ бошад ҳам, вале миёни гиччакҳои дигари атрофу акноф ҳамто надошт.
- Ман ба ту бахшидам инро, - таъкид кард Қорӣ Носир аз нав барои Мирзо: - Ин аз ман барои ту нишона.
Мирзои ҳайратзада аз ҳаяҷони шодибахшо нафасгардон мешуд...
Мирзо низ ниҳоят гиччаки собиқаи Қорӣ Носирро, ки акнун азони худаш шуда буд, бо ду даст ба қафаси сина пахш мекард.
Ҳарчанд Мирзои кӯчак, дар зиндагиаш, гоҳо соҳиби тӯҳфаҳои гуногун гардида буд, вале ба назараш ягонтои онҳо ба ин тӯҳфа, ки гиччаки кӯҳнасохти Қорӣ Носир буд, баробар намеомад.
Умар Ҳофиз ҳам, ки аз чеҳраи пурэҳсос ва нургирифтаи Мирзо ва гиччакнавозии вай чашм намеканд, аз чойхонаи Қорӣ Носир баромаду ба куҷое рафт, вале ба зудӣ аз нав ба чойхона баргашт. Вай бо худ ҷомаҷае харида оварда буд ва инчунин мӯзачаи чармини сурхинае ҳам оварда буд, ки онҳоро пеши назари ҳамагон ба Мирзо пӯшонид.
- Ин ҷома ва ин мӯза бо гиччаки дастат мувофиқ, - изҳор дошт Умар Ҳофиз. - Либосат ҳам бояд бо унвони нават мувофиқ бошад. Акнун ту фақат Мирзо не, балки Мирзои Навозанда ту!
Бале, Мирзо унвони нав гирифта буд, аз ҷониби Умар Ҳофиз, яъне унвони Навозанда.
Умар Ҳофизи болидаву рӯхгирифта, ки аз вай чашм намеканд, идома дода буд.
- Баъд, ту Мирзо, минбаъд на танҳо писархонди Қорӣ Носир, балки писархонди ман ҳам бошӣ. Ҳоо, қатори писари навтавлидам, ки номи падарамро ба вай ниҳодаам, яъне Ҳалифа, ту ҳам, Мирзо, акнун писари ман. Ана ҳама шоҳид ва шуниданд, ки ту минбаъд писари Қорӣ Носир ва ҳамчунин писари ман бошӣ!
Дили Мирзои падару модарро гумкарда таҳ нишаста буд ва чашмонаш об мегирифт ва чанд қатра ашки шодӣ ба рухсори кӯдаконаи пурандешааш мечакид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё