Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
бошад, ҳуш ба навохтан раваду суруда халал ёбад, аз тарафи дигар, агар хаёл ба суруда шавад, мусиқа то ҳадди даркорӣ шево намебарояд...
-Қорӣ Носир вақти сурудан чашмонашро пӯшида, андешаашро, бо ин васила, як ҷо ҷамъ оварда, овозхонӣ мекард. Ҳангоми тараннум мусиқаро барои вай Устообид, Мирзособит ва Устобобо, инчунин Пӯлоду ибни Ямин ва Камолиддин барин навозандагон ба иҷро мерасониданд, ки онҳо одатан дар қафотар менишастанд.
-Саҳнаи ансамбли Қорӣ Носир саҳнаи чойхона буд,-таъкид мекунанд мӯйсафедон.-Одамон низ барои шунидани созу тарона ба чойхонаи вай меомаданд. Қорӣ Носир ба ивази ин тамошо аз ягон кас ягон тин намегирифт ва нагирифта буд ягон маротиб.
-Мардум дигар воситаи дилхушӣ надоранд. Агар аз созу суруд роҳат кунанд ба ман ҳамин савоб кифоя,-изҳор медошт Қорӣ Носир.-Рӯзи ман, бе ин ҳам, аз паси чойхона мегузарад...
Умар Ҳофиз байни ташвиши аробакашӣ, ки рӯзҳои бозори чоршанбе зиёд мегардид, агар фурсат ёбад, ба чойхонаи Қорӣ Носир меомад, «чандто мегирифт», яъне чанд мақому тарона ба иҷро мерасонд ва ба қавли худаш «ба Қорӣ Носир ёрдам додан» мехост.
Албатта овози Қорӣ Носир ба овози Умар Ҳофиз баробар намеомад. Вале Умар Ҳофиз, дар ҳар ҷо, сифати Қорӣ Носирро мекард, зеро медонист, осмон ғайри офтобу маҳтоб ситораҳо низ дорад, балки ахтарон зарур ҳамчунин барои фалак, барои холиву нозебо нагаштани афлоки азим.
-Хуллас, аз ҳунари ҳамдигар ҳасад бурдан, ҳамдигарро паст задан, агар ба аксари ҳофизон хос бошад, ин чизҳо набуд дар вуҷуди Умар Ҳофиз. Зеро Умар Ҳофиз барои шӯҳрат ёфтан ва ҷамъ кардани сарвату гановат зиндагӣ ба сар намебурд, балки оддиву инсонвор зистан мехост ва ҳамчунин оддиву инсонвор умрашро ба охир расондан мехост. Ва ӯ медонист, Қорӣ Носир низ то ҳадде ба худаш монанд. Ва барои ҷавонони баистеъдоди Исфаразаминро гирдаш овардан ва чойхонаашро як манбаи санъати навогарӣ ва овозхонӣ ва маркази фароғати мардум кардан, ба Қорӣ Носир эътиқоди хоса дошт. Ва медонист, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё