Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Корвонбошӣ, ки аз заҳмату ташвиши рӯзи дигари зиндагӣ басо хаста гардида буд ва аз ҷониби дигар шикамаш аз гуруснагӣ нақора менавохт, аз ин боис хост таклифи ҷавонмардро рад намояд.
- Ҳамон ҷо - дар хонаи мо ягон чиз мехӯрем, дам мегирем, - илова намуд ҷавон.
Умар Ҳофиз надонист, ҷавон андешаи варо пай бурда, чунин гуфт ва ё гуфтааш тасодуфан ба андешаи вай мувофиқу наздик омад, вале ҳарчӣ бошаду набудад, аз ҷо бархост ва ҳамроҳи ҷавон ҷониби ҳавлии вай равон гардид.
Ҷавон Тӯйчӣ ном дошт ва азбаски чанд муддат аз мадраса таҳсил гирифта будааст, варо Мулло Тӯйчӣ ҳам меномидаанд.
Мулло Тӯйчӣ оши палави дар ҳавлиаш, аллакай, тайёрбударо бо Умар Ҳофиз тановул намуд ва сӯҳбаташон тасфид ва то дергаҳи шаб идома ёфт.
Вақти сӯҳбат Мулло Тӯйчӣ зери чашм, ба ҷомаи оринҷаш ва чанд ҷои дигараш ҳулидаи Умар Ҳофиз ноайён назар афканд. Ва чун Умар Ҳофиз баъди зиёфат ва сӯҳбат бархоста, майли рафтан намуд, Мулло Тӯйчӣ назди вай ҷомаи нав бигзошт.
- Ин барои Шумо - оҳиста гуфт ҷавон.
Авзои Умар Ҳофиз дигар шуд: охир наход ҳолаташ, имсол, то дараҷае расида, ки раҳми дигаронро биоварад. Нее, ӯ ягон бор дастнигари касе набуда дар умри сараш!
Хуллас ҳоло то ҳадде қаҳраш омада буд. Ва аз ин боис ҷомаро нагирифта, аз ҷо бархост, аз ин ҳавлӣ бадар рафт, ҷониби корвонсаро ва аробакашҳои корвони худ роҳ гирифта буд.
Вале ҳар қадар аз ҳавлии ин ҷавон дур ва ба корвонсаро наздик равад, андешаи дигар ба сараш роҳ меёфт, ки «ун ҷавон, яқин бадии маро намехост, шояд акнун ранҷидагист аз ман?...»
Чун бегоҳи дигар расида буд ва Умар Ҳофиз баъди ташвишу талоши як рӯзи дигари зиндагӣ, бо ароба, ба корвонсаро баргашт, назди дарвоза ҷавони дирӯза ва дишабаро дид. Ва ҳамоно пай бурд, ҷавон, яъне Мулло Тӯйчӣ хеле боз ин ҷо варо мунтазир будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё