Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Аз ҷойи охирсухан
ва ё
ҳикоя аз рӯҳи гузаштагоҳ

Аз айёме, ки китоби нахустро доири мӯъҷизаҳои Шашмақом ва бузургони ин санъати воломақом бо номи «Рӯзгори соҳибдилон» ҳамроҳи устод Отахони Латифӣ иншо ва барои нашр омода карда будем, аз миён бист сол даргузаштааст. Бист соле, ки андарунаш тӯфони зиёд ҳам дошт. Дар ин миён, аз асари ҷанги шаҳрвандӣ, устоди неруманди мо Отахони Латифӣ тирборон ва шаҳид гардид, чунон ки Умар Ҳофизи неруманди ин қисса аз ҷониби рақибони ҳунару истеъдод кушта шуда буд. Устод Латифӣ, дар ҳақиқат, амсоли Умар Ҳофиз марде буд болобаланди таҳамтан, воломақому волоҳиммат, дорои фитрату истеъдоди беҳамто, амсоли Умар Ҳофиз заҳмативу дар ҳифзи манофеи миллӣ ҷонбоз ва фидокор ва қодир...

Вале афсусу дареғ...

То фоҷиаи зери хок рафтани устод Латифӣ, мо аз оқибати паёмади нохуш бехабар, ҳамроҳи устод орзу мекардем китоби дуюмиро низ доири рӯзгори соҳибдилон ба нашр расонем, ки он осор ва рӯзгори мӯъҷизакорони Шашмақом, ба амсоли Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул-ака Файзуллоев ва фарзанди арҷманди он кас Аҳмади Бобоқул ва инчунин осор ва рӯзгори Ака Шариф Ҷӯраев ва Карими Шуши Кангуртӣ ва яҳудиёни тоҷикзабони шашмақомхон, аз ҷумла Левӣ Бобохон, Барно Исҳоқова ва дигаронро дар бар бигирад. Ва дар роҳи иншои ин китоби дуввумин мо чанд соли дигари умри худро сарф кардем ва ҷустуҷӯву бозёфти зиёдро дар онҳо ба риштаи тасвир кашидем...

Аммо чунин шуд, ки аз боиси ҷангҳои шаҳрвандӣ хонаву дари ман, дар маркази Душанбе, аз ҷониби силоҳбадастони шӯридаи

пешина
аз 194
навбатӣ