Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

маросими Сайри Лолаи Исфаразамин тантана дошт.
Баҳор омад, чу гул бишкуфта бошем,
Гулу гулруҳ ба ҳам печида бошем.
Ду булбул дар чаман нолида бошем,
Ба завқи якдигар хандида бошем.

Одамон, дар ин айём ба кӯҳу пуштаи Исфаразамин баромада, лолаи зиёд чида ва баробари маросими лолачинӣ маросими дарахтбурӣ ва шохбурӣ ҳам ба миён меоварданд, ки чунин суруда дошт:
Биёред, биёред, Арраю ҳам досте.
Сафедоре будааст Сершоҳу ҳам росте...

Ва ҳар гурӯҳ шохаи азиме аз дарахтони азим бурида ва ё навниҳоле гирифта (аксар сафедори борику дароз), ба навдаҳои онҳо лолаҳои чидаи худро баста ва миёни дукӯшаи баъзе «лоладарахтон» писарбачаи зеборуҳ шинонда, бо ҳаёҳуй ва тантана ва созу суруда ҷониби маркази Исфара равона гардида буданд. Ва гар дарахти сафедор бисёр калон бошад, болои ғалтаки дучарха «шинонда» буданд ва ё барои бардошта бурдани он аз шоҳаҳо дастак тайёр карда ва ба танаи сафедор, ки ба лоладарахт бадал ёфта буд, баста буданд: бо ин васила онҳоро бардошта, роҳ рафтан осон буд. Пешопеши лоладарахтон ва ё аз думболи онҳо карнаю сурнай ва нагораву доира садо медод, нақшгӯй ба авҷи аъло мерасид, накароти онро ҳамагӣ такрор мекарданд:

Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола.
Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола.

Ва мегузаштанд мардумон чунин валвалакунон аз бару миёни боғистон ва майсазорон бо лоладарахтҳои зиёди дасти худашон.
Ва бо тантанаву сурудаву шону шукӯҳ ворид шуда буданд

пешина
аз 194
навбатӣ