Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
-Вақте ки кат мондай, бояд чизе дошта бошад болояш?
-Ягон чиз намешавад болои он кат! Хоҳед болои чӯбаш нишинед, нахоҳед ба роҳатон рафтан гиред, Шумо баринҳо ба ман зарур ҳам нестед!
Мирзо «кӯрпачаю палоси зиёдатӣ набудааст, аз ин боис чойхоначӣ чӣ ҳам карда метавонад?» гуфта, хулоса бароварду дасти тиҳӣ баргашт.
Аммо нафаре, ки дар гӯшаи кати бегилему бекӯрпачаи дигар амонат нишаста, чой менӯшад, дилсӯзӣ карданӣ шуда, изҳор намуд:
-Ба дасти чойхоначӣ се-чор сӯм диҳед, палос ҳам ёфта медиҳаду кӯрпача ҳам, чойнику пиёлаи нав ҳам ёфт мешавад.
Нигоҳи нобовари Мирзоро эҳсос намуда, шарҳ дод:
-Ҳайрон нашавед, мо одами ҳамин ҷо. Чӣ хел будани чойхоначии худамонро медонем!
Маълум шуда буд, дар чойхона палосу кӯрпача, чойнику пиёлаи зиёдатӣ ҳаст, ҳатто беҳтараш ҳаст, аммо чойхоначӣ онҳоро махсус пинҳон мекард, ки ба ин васила ҳамчунин фоидаи иловагӣ ба даст оварда тавонад.
Доири палосу кӯрпачаву чойнику пиёлаи рустбудаи чойхона шунида, Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷон беихтиёр ба ҷониби Мирзо назар афканданд. Мирзо инро фаҳмида, авзояш дигар шуд. Ҳаа, чуноне ки як гӯсолаи ношуд подаро ҳаром мекунад, як чойхоначӣ боиси бадномии чойхоначиҳои дигар шуда метавонад ва нанги он ба чойхоначӣ Мирзо ҳам расида буд акнун!
Мирзо каме ба андеша ғӯтта заду сипас гӯё ба хотираш чизе расида бошад, оҳиста изҳор намуд:
-Ҳозир коре кунем, ки мардак аз номаъқулиаш пушаймон шавад!
Вале дар ин мулки мусофирӣ чӣ кор ҳам карда метавонист Мирзои чойхоначӣ?
Ҳарчӣ набошад ҳамроҳонашро тарафи бедзор, ки аз чойхона панҷоҳ-шаст қадам дур буд, овард. Ва яктаҳи танашро кашида, дар соярӯ партофту болои он нишаст. Ҳамроҳонашро низ ишора кард ки амсоли вай карда бошанд. Баъд Мирзо даҳани лингаро,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё