Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мирзо, якбора, дарк намуд, ки дарду ҳасрат аз болои ирода ва орзуҳои дилаш ғолиб омада. Балки ба пуррагӣ ғолиб омада. Ва саҳначае, ки имшаб ба мардум нишон додаанд, ҳамчунин нишонае буда аз ҳамон дарди ғолибомада, балки нишонаи кӯчак буда аз он...

Ашки абрҳо мерехтанд, ашки дидагони Мирзо ҳамчунин...

Аммо аз тарафи дигар, назди дарду ҳасрат бечора шудан магар маънои билохир маҳв гаштани худро надорад? Гар ин тавр бишавад, он гаҳ, фарзанди хурдсолаш Солеҳ ба умеди кӣ мемонад ва баъди сари вай бачаро кӣ парасторӣ мекунад? Ва аз ҳама асосаш овози дилу мағзи созандагон ва ҳофизони гузаштаи Исфарамазро ва хоса созу овози Умар Ҳофизу Қорӣ Носир барин бузургонро кӣ ба оянда ва барои ояндагон расонида метавонад? Ва аз бузурггон чизе, ки монда ва зинда, ҳамон созу сурудаи онҳо буда. Созу сурудае, ки аз он, аз ҳама беш Мирзо, огоҳӣ дорад, онҳоро аслан фақат вай медонад.

Пас ин созу овози пешиниёнро ғайри вай боз кӣ ба оянда ва ояндагон бурда метавонад ва кӣ расонида метавонад? Баъд Умар Ҳофиз магар маҳз барои ӯ шуда, ба ҷанги рӯирости Умари Дузд нарафта буд, то худаш кушта шавад ҳам, Мирзо зинда монад? Ва магар рӯҳи Умар Ҳофизу Қорӣ Носир сарвари пуркудрати вайронгари қабрҳоро назада буд, то Мирзо ба куштани вай нараваду худ кушта нашавад ва дар амон монаду барои ба оянда бурдани созу наво ва ҷағонаву таронаҳо талошҳо ба харҷ диҳад. Охир дигар донандагони розу асрори навою созу суруда фавтидаанд, аз байн рафтаанд ва баъзеи дигарашон дар майдонҳои хунбори ҷанги ҷаҳон фано ёфтаанд, ё ба нестӣ кашида шудаанд. Болои ин ҷанг идома дорад ҳанӯз ва қурбониву шаҳид шуданҳо ҳамчунин... Пас... марги Мирзо... Марги Мирзо боиси марги касоне мешавад, ки ҳарчанд ҷисман мурдаанд, вале ҳанӯз маънаван зиндаанд. Зиндаанд дар шакли созу наво, ҷағонаву тарона, фақат агар ин оҳангҳо ва созу наво ба оянда ва ояндагон расонида шавад.

Ҷониби Исфара мерафт Мирзо ҳанӯз қатори дастаи кӯчаки санъатварон. Ва писари ягонаашро банди дил фишурда қадам

пешина
аз 194
навбатӣ