Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
низ буданд. Либоси бача чиркин шавад, Мирзо либоси тозатарро аз линга гирифта, барои вай мепӯшонд, худаш лаби дарё, ё лаби чашмасор фаромада, либосҳои чиркиншударо мешуст, онҳоро рӯи харсангҳо паҳн намуда, то саршавии намоиш хушк карда мегирифт, тах намуда, дар лингае мемонд, ки оянда даркор шавад истифода бурда тавонад. Бачаро ҳам баъзан дар рудоб ва ё чашмасор оббозӣ доронида, танашро офтоб медод.
Вале на вобаста ба обу тоб додан ва эҳтиёт кардан, бачаро дар сафарҳои дурударози душвор зуд-зуд шамол мезад ва ӯ зиёд бемор мегардид. Сахтиҳои сафар ва шароити номусоид ва зуд-зуд иваз шудани мавзеи рафт ва иваз шудани муҳит ва иваз шудани обу ҳаво бачаро бемадору бемор мекард. Мирзо, на вобаста ба он, ки аз намоиш ва навохтани созу наво басо монда мешуд, баъзан шабҳои дароз мижа таҳ намекард ва бачаи беморро бардошта, пасу пеш қадам мениҳод.
Аммо бача ором намегирифт, беқарорӣ мекард.
Дар ҳастии ошуфтаву дилшикастаи Мирзо рӯҳафтодагӣ боз роҳ меёфт. Охир ҳарчанд вай бо созу наво дили дигаронро мебардошт, дигаронро рӯҳбаланд мекард, вале кӣ дилдорӣ медод ва кӣ дилбардорӣ мекард худи варо? Охир Рафоатбонуи ширин намонда буд ва бибии меҳрубон набуд, тағоҳо, ки Устообидаш қушнақора мезад ва тағои мобайни Мирзособит гармони нугай мекашид ва тағои хурди Устообобо дуторчии беҳамто ба ҳисоб мерафт, кайҳо дар фронт буданд ва дар дурдасти хунбора мурда буданд ва ё ҳанӯз зинда буданд, касе ҳам намедонист ва чанд моҳи ахир аз онҳо хат ҳам намеомад...
Дарди ҷонсӯзи дигар ин буд, ки нисбати муқаддастарин эҳсоси дили Мирзо, нисбати устодон ва падарони маънавии вай — Умар Ҳофизу Қорӣ Носир ва қабри онҳо нописандӣ ва бедодии беҳад шуда буд ва аз қабри онҳо-қабри ду бузургмарди Исфара акнун нишон намонда буд рӯи замин.
Рӯҳафтодагӣ ҳастии Мирзоро бештар фарогир мешуд, балки онро мекофт, мешикофт.
Ҳоли Мирзо боз чунин буд, ки дар ин шеър бошад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё