Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Зеро сарваре, ки барои куштанаш рафтани будӣ, варо Худо задааст.
-Вайрон, гӯри қабристонҳоро, албатта, Худо мезанад. Вале ин кам барои ман!

-На танҳо Худо, балки рӯҳи Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носиру гузаштаҳои дигари қабристони бузурггон задааст ун сардорра. Рӯҳи мурдагони ҳамун қабристоне, ки бо фармони вай вайрон карда шуд ба манфиати худашу хешовандонаш...

-Маънаван задан кам ва ин дили маро дигар таскин намедиҳад! Аз ин боис ман меравам барои несту нобуд кардани ҷисми нохалафи ун сарвари ношуд.

-Ҷисман ҳам маъюбу маслук шудааст, акнун, ин сардор. Яъне шаб аз кораш ба ҳавлии наваш баргашта, баъди аз дарвозааш дарун шудан, якбора нола кашида, суст гашта, печида, фитодааст. Яъне фалаҷ шудааст ун сардор, лабу лунҷаш каҷ гардидааст.

Нафаре, ки ин ҳамаро ба Мирзо мегуфт, идома дода буд:
-Аз дами субҳ дар Исфара овоза медавад, ки ин сардорра рӯҳи мурдагон ва гузаштагон задааст. Зада, ки вай ва одамони монандӣ вай донанд: рӯҳи рафтагон оҷизу заифу нотавон нестанд ва қудрату неру доранд, хоса, ки рӯҳи Умар Ҳофизу Қорӣ Носир барин бузурггон... Одамони бузургро ҳатто рӯҳашон пуркудрат бошад. Барои ҳамин одамон кӯшиш мекунанд, рӯҳи бузургони гузаштаро ба ғазаб наоранд ва ба ғазаби онҳо гирифтор нагарданд...

Дар Исфара, дар ҳақиқат, овоза ва ҳангомае мегашт, ки фалонҷаро Худо зада, яқинтараш рӯҳи гузаштагон зада. Ва ин овозаҳо дахл дошт ба он роҳбаре, ки қабристони гузаштагону бузурггонро вайрон карда, ҷояш барои худу наздиконаш ҳавливу иморат ва огилу каҳдон бунёд намуда буд.
Ва ун роҳбар фалаҷ хоб меравад ҳоло дар ҳавлии наваш, ки дар ҷойи қабристони собиқа иморат карда буд...

Ва нафаре, ки писари Мирзо, яъне Солеҳро ба ихтиёраш гирифтанӣ буду баъди роҳбарро корд задани Мирзо ва маҳбас шудани вай ва ё кушта гаштанаш, писари варо бояд парасторӣ мекард ва ба ивази ин ҳавлии Мирпоро бояд соҳиб мегардид, боз афзуд:

пешина
аз 194
навбатӣ