Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Раҳматхоҷа ва Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷонро оварда буд. Ва то чӣ дараҷа овози хуш доштани Миразизу Раҳматхоҷа ва Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷон аз ҳамин аён мегардид, ки аз чойхонаҳои Тахтапулу Шайҳонтоҳури Тошканд омада, шартнома баста, онҳоро чандрӯзӣ ун ҷоҳо мебурданд. Зеро хабари омад-омади ин овозхонҳоро шунида, ун чойхонаҳоро одам зер мекард, нуфузи ин чойхонаҳо аз ҳама чойхонаҳои дигари Тошканд боло мехест.
Акнун Миразизу Раҳматхоҷа ва Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷон дар лаби ин канал, ки мардуми ду ҷумҳурӣ меканданд, зери навои ғиччак ва ё дутору танбури Мирзои навогар ашъори Рӯдакию Ҳофиз, Ҷомию Ҳилолӣ ва Навоиро бо як ҳунари хоса тараннум мекарданд, то ба каналкобон рӯҳу илҳоми тоза бахшида тавонанд.
Албатта, дар сохтмони канал, ки исфарагиҳо онро «Чӯи Калон» мегуфтанд, барои намоиши ҳунар саҳна талаб кардан ва ё ҷои мувофиқ кофтан, маъно надошт. Баръакс илоҷе ёфтан лозим буд, ки чӯйканҳо аз кор ҷудо нашуда, созу суруд бишнаванд, лаззат баранд ва куфтагию мондагиро фаромӯш созанд. Барои ҳамин санъаткорон лаб-лаби канале, ки одамон меканданд, ҳунару санъати худро намоиш дода, пеш мерафтанд, боз намоиш дода, қафо бармегаштанд.
Албатта, ғиччаки тоҷикиро, ки рӯи зону такя монда менавозанд, роҳ гашта навохтан гӯё коре бошад, ношуданӣ. Вале Мирзо илоҷе дарёфта буд, яъне ба футтаи миёни худ як порча латта ишкелак карда, думчаи ғиччакро ба он андохта буд. Баъди ин роҳ гашта, навохтан имкон мегардид.
Дар ҳавои навои ғиччак ҳунармандон сурудае тараннум мекарданд, ки яке чунин оғоз дошта буд:
Душ он маҳ аз лаби чӯ бо қади дилҷӯ гузашт,
бо қади дилҷӯ гузашт...
Ва боз сурудаи дигар буд, ки басо дилошуб садо медод зери оҳанги наво:
Сабзак лаби чӯ, ёраки нагзак лаби чӯ,
Мургобӣ шавам ғӯпта занам чӯ ба чӯ...
Дар ҳавои хониши ҳофизон ду-се духтари бозингар ҳамроҳи Ҳасанҷони Довуд, ки дар рақс, ба қавли мардум, устухон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё