Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Матпро хонед ва феълҳоро нависед.
ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Дар тирамоҳи соли 1992 Тоҷикистонро ҷанг фаро гирифта буд. Президент набуд. Ҳокимияти қонунӣ набуд. Худи қонун набуд. Пойтахт дар ваҳму ҳароси мудовим* зиндагӣ ба сар мебурд — пеши дастаҳои ҷиноятпеша, пеши таҳдиди гуруснагӣ. Ҳар кас тавонист мусаллаҳ шуд, то хонаву дари худро аз роҳзану авбошон муҳофизат кунад. Барои харидани нон шабҳои дароз навбат мепоиданд. Хатари хӯрдани тир низ гоҳо таҳдидашон мекард... Ниҳоят дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд, ки масъалаи асосии он масъалаи ҳокимият буд. Маълум гашт, ки миёни нафарони таҷрибаи давлатдорӣ дошта хоҳишманде нест, ки роҳбарии давлатро дар чунин шароити даҳшатзо ба зимма бигирад. Балки вақт пешвои дигареро тақозо дошт. Ва он пешво Эмомалӣ Раҳмон шуд.
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтоии халқи азияткашидаам боварӣ дорам», — чунин буданд аввалин суханҳои ӯ дар ҳайси сардори давлат. (178 калима)
Пётр Прибилов, Олим Мирзоев
ЛУҒАТ
мудовим — давомнок, давомдор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё