Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ШАҲИДИ РОҲИ ИСТИҚЛОЛ

Солҳои сиюм, ҳангоме ки падари Абдурасул Хӯҷамкулдеҳқон бо аёлу ағфол аз зодгоҳи худ — деҳаи Гузари Болои Қабодиён ба Қумсангир омад, ҳамроҳи худ як каф донаки зардолуи орифӣ гирифта буд. Ӯ... баробари гузоштани пойдевори манзилгоҳ донакҳои зардолуи орифиро ҳам бо умед ба дили хок ниҳод. «Орифӣ ҳар қадар дар хок реша чуқур давонад, решаи мо дар ҳаёт ҳамон қадар маҳкамтар мешавад, — мегуфт Хӯҷамкулдеҳқон ба фарзандон. — Одам ҳам дарахт барин, дар замин реша медавонад. Меваи он ба мо ёди Қабодиён мекунад...». Ҳамон вақт Абдурасул яксола буд. Дар он хоҷагӣ ба воя расид, ба мактаб рафт. Бародарони калонсоли худро ба ҷанг гусел намуд: Иброҳим шаҳиди роҳи истиқлоли Ватан шуд, Абдуҳафиз бо захмҳои зиёд баргашта, бар асари иллати ин захмҳо баъди чанд муддат фавтид. (120 калима)

Бахтиёр Муртазоев

Сохти феълҳоро муайян кунед.

ОБИ ҶОНБАХШ

Сокинони бонангу ори Бешканд ватани худро бо матонат ва диловарии ҳимоя мекунанд. Душманон борҳо ҳамла оварда бошанд ҳам, як ваҷаб хоки ин мулкро забт карда наметавонанд. Сонӣ ғоратгарон роҳи ғадру ҳилагарӣ ҷуста, ҷосусони худро ба кӯҳи Хароба боло мекунанд. Ҷосусони макрпеша посбонони қубурҳои обро ғофил карда, иншооти обёриро вайрону харобазор месозанд. Роҳи об ба ҷониби Бешканд баста мегардад. Баргҳои дарахтон, рустаниҳо аз беобию шиддати гармо пажмурда гашта, киштзорони ганҷбахш саропо ба биёбони тафсон мубаддал мешаванд. Одамон ночор тарки ин манзилу макон мекунанд. Бо ҳамин

пешина
аз 275
навбатӣ