Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷӯлистони Бешканд сайронгоҳи хокбодҳои сарсАРӣ мегардад. Асрҳо паи асрҳо бо ҳамин ранг сипарӣ мешаванд.

Инак, боз ба биёбон оби ташнашикани ҷонбахш омадааст. Даштистони як вақтҳо бесамар ва пур аз ғору камар ба користони ҳақиқӣ табдил ёфт. (119 калима)

Бахтиёр Муртазоев

24
Ба имлои номҳои таърихии ориёӣ диққат кунед.

АЗ ТАЪРИХИ БЕШКАНД

Баробари ин ривояти дигаре низ вуҷуд дорад: шаҳри Байкандро гӯё Фаридун, ки бо лақаби Фаррух машҳур аст, бунёд намуда бошад.

Агар ба Фаридун нисбат додани Байкандро дар «Бурҳони қотеъ» ба тариқи зайл дучор оем: «Ва баъзе гӯянд, Фаридун он шаҳрро бунёд кардааст», пас дар «Фарҳанги Онандроҷ» оид ба ин шаҳр маълумоти зеринро мехонем: «Байканд бар вазни Фарзанд, номи шаҳрест, ки Ҷамшед онро бино карда ва солҳо обод буда. Афросиёб онро пойтахти худ қарор дода, дар ободии он кӯшид ва он ба Гандиж машҳур аст». Масалан, дар аввал бо унвони Гандиж машҳур будани Байкандро мо дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ дучор меоем:

Ҷаҳонҷӯи пурдониш Афросиёб,
Ба Гандиж нишаста ба хӯрду хоб.
Кунун номи Гандиж ба Байканд шуд,
Замона пур аз банду авранд шуд. (120 калима)

Бахтиёр Муртазоев

пешина
аз 275
навбатӣ