Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ақлаш ба ягон чизе намерасид ва сухани мувофиқе ба хотираш намеомад.

Қаламро рӯи қоғаз гузошта, аз мӯричаи пастаки хона назарашро ба рӯи ҳавлӣ афканд. Берун ҳанӯз торик буд. Дар осмони соф ситорагон чашмак мезаданд. Мирзо дар кунҷи хона аз як кунҷ ба кунҷи дигаре бо дили беқарору хаёли парешон қадам мезад. Дуторро аз ҷилдаш берун оварда, торҳояшро пасту баланҷ чӯр мекард. Торҳои маҳини дутор дар зери ноҳуни Мирзо ҳазинона садо мебароварданд. Садои торҳо дам ба дам баланд шуда оҳанги дигар мегирифт. Оҳиста Мирзо ба дутор ҳамоҳанг гардид. (113 калима)

Ҳабибулло Назаров

21
Мазмуни матнро нақл кунед.

ЧАШНИ ШОИР

Дар паҳлуи мо ду устоди забардасти адабиёти тоҷик - Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун ду қуллаи кӯҳи азим меистоданд, ки мо озодона ба онҳо такя мекардем, аз онҳо шеърнависӣ, ҳикоягӯй ва достонсарой меомӯхтем. Ба ҷавонон устодони ботадбир таълим медоданд, ки нависанда пеш аз ҳама суханро бояд чун парранда ром кунад, мисли шамшер сайқал диҳад, вале дар ғилоф нигоҳ дорад, ҳар гоҳ ки лозим шуд, эҳтиёткорона ва дар ҷояш кор фармояд, чунки бузургон гуфтаанд:

Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ садро яке гӯй.

Ту, Мирсаиди азиз, ҷавони серғайрат ва закӣ будӣ, ки гуфтаҳои адибони ҳирадмандро дар гӯши хеш нигоҳ дошта, барои сухандону нуктасанҷ шудан солҳои зиёде ранҷ бурда, гавҳари мақсудро ба даст овардай. (115 калима)

Мирзо Турсунзода

73

пешина
аз 275
навбатӣ