Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
гумоштаҳои ӯ ҷои салқин кофта, ба Қаратогу Душанбе мерафтанд. Дар гирду атрофи Қалъаи Ҳисор манораҳои баланд сохта шуда, деворҳои похсагине онро фаро гирифта буданд. (118 калима)
Ҳабибулло Назаров
19
Ҷонишинҳоро аз матн ёбед.
ПОСБОНӢ
Шаб бисёр торик буд, борони майда меборид. Мирзо чакманашро дар китф гирифта, аз хона баромад. Аксар шабҳо вай анборхонаю подахонаро хабар мегирифт. Аз кӯпруки паси осиё гузашта, ба тангкӯча гашт. Кӯчаи калоне, ки аз байни қишлоқ мегузашт, бисёр лой буд. Вай атрофи анборро давр зада, бо роҳҷаи борики паҳлуи девор ба ҷониби подахона равон шуд.
Байни қишлоқу подахонаро дараҷае, ки оби соф аз чашмасорони кӯҳӣ ҷорӣ мешуд, ҷудо мекард. Садои оби дара шабона ба гӯши кас анча баланд мерасид.
Мирзо аз паси харсангҳо гузашта, ба дарича наздик мешуд, ки шарфаи пое ба гӯшаш расида дар ҷояш истод. Хомӯшона ба ҳар тараф нигоҳ мекард, аммо дар торикӣ ягон соя дида намешуд. Пас аз чанд дақиқа боз шарфаи по ба гӯш расид. (120 калима)
Ҳабибулло Назаров
20
Яке аз ҷумлаҳои содаи матнро таҳлил кунед.
САДОИ ДУТОР
Шаб аз нисф гузашт, хурӯсҳо ба фарёд даромаданд. Чароғи лампа хиратоб месӯхт. Мирзоро хаёли бисёре фаро гирифта буд. Намедонист чӣ нависад ва чӣ гӯяд... Гӯё ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё