Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
фарзанди дилбандаш нигоҳубин мекунад. Ба беҳаш ходаҷае зада онро баста мемонад, то ки шамол решакан ё каҷу килеб накунад, хоки атрофашро нарм карда меистад...(117 калима)
Шафқат Саид
14
Масдар ва феъли ҳолро аз матн ёбед.
ҚАДРИ ЗАҲМАТ
Бо номи нек аз дунё гузаштан орзуи ҳар як инсони соҳибдил аст. Бисёриҳо мазмуни ҳаёти худро дар хизмати мардум, дар кори хайр мебинанд. Ба ташна об додан, беморро ҳолпурсӣ кардан ба одами барҷомонда дасти ёрӣ дароз кардан чӣ қадар кори хайр бошад, дар канори роҳи камоб, сари гузар ва ҷои нообод дарахт шинонда калон кардан низ ҳамон қадар кори накӯст. Мардум дар сояи он дам гирифта ва аз мевааш ком ширин карда, «бар падари шинондагӣ раҳмат мегӯянд».
Ин мукофоти амал аст ва боғбон ин гапро шунавад, ҳамаи азобҳои кашидааш аз хотираш мебарояд, лекин агар бинад, ки касе ба бехи дарахташ табар мезанад ва ё шохи онро мешиканад, ҷонаш ба ҳаркумаш меояд. Пас, биёед ҳурмати боғбонон пос дорем, боиси ранҷиши ӯ нашавем. (120 калима)
Шафқат Саид
15 Матни дигареро дар бораи омӯзгор хондаед? Онро нақл кунед.
ОМӮЗГОР
Омӯзгор аз овони кӯдакиамон ба таълиму тарбияги мо пардохта, дар ин ҷода басо заҳматҳо кашидааст, ҷон кохондааст. Аз ин рӯ, посӣ хотири ӯ, адои хизматаш ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё