Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

12 Аз матн ду калимаро ҷудо карда, таҳлили фонетикӣ кунед.

НОУМЕДӢ

Мерган ҳарчанд барои аз ин «қабр» раҳо ёфтан кӯшида бошад ҳам, муроде ҳосил нашуд. Барои аз дами ғор яктарафа кардани тармаи азим, ки шояд бештар аз як тонна вазн дошт, Мерган оҷиз буд. Чанд вақт бо корд парматарошӣ кард, сонӣ дид, ки ин кораш «бо сӯзан чоҳ канданро мемонад» аз баҳраш баромада ба тақдир тан дод. Мерганро гуруснагӣ сахт азоб медод. Нону талқони миёнбандашро сад сарфа кунад ҳам, ба чанд рӯз расиду бас. Мерган аз азияти гуруснагию зиндадаргӯрӣ гоҳ-гоҳ ба вартаи ноумедӣ меафтод. Наход ӯ дигар дунёи равшанро набинад? Наход, ҷасади ӯ дар ҳамин ғор монда луқмаи даррандаҳо шавад? Ягона умеде, ки Мерганро зинда медошту ба халосиаш имон меовард, ин хирс буд. (114 калима)

Иноят Насриддин 13 Садонок ва ҳамсадоҳои калимаи «Тоҷикистон»-ро аниқ созед.

БУНЁДИ БОҒҲО

Дар камари кӯҳҳои Тоҷикистон ҷӯйҳо бисёранд. Маълум, ки онҳо дар давраи пеш аз инқилоб, вақте ки одамон чи будани трактор, булдозер ва дигар машинаҳои кӯҳканиро намедонистанд, ҳатто зоғнӯл барин як асбоби одӣ камчин буд, кофта шудаанд. Одамон оби дидаю арақи ҷабин рехта ва ҳатто ҷон бохта, синаи харсангҳои мазбутро мешикофтанду ба заминҳои лухтак об мебароварданд, боғ бунёд мекарданд, ҳам бо умеди ризқу рӯзӣ ёфтан ва ҳам ба нияти нек ном гузоштан.

Ана ҳамин тавр, боғдон дар замини санглоҳе, ки дар он ҷо як каф хок ёфтан муҳол аст, ниҳол шинонда, онро чун

пешина
аз 275
навбатӣ