Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
кадоми моро ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Агар ба ҷои дур афтем, номаи аввалро ба номи ӯ ирсол менамоем ва он нома ҳатман бо ибораи «Салом, муаллим!» оғоз меёбад. Аз сайру саёҳати шаҳру кишварҳои дигар баргардем, пеш аз ҳама ба аёдат ва зиёрати ӯ мешитобем, аз дидаю шунидаамон ҳикоят мекунем. То даме ки зинда аст, ӯ пири муршиди мо, маслаҳатгари мост. Донишаш, вақташ, таҷрибаи дар солҳои тӯлонӣ андӯхтаашро аз мо дареғ намедорад. Ҳар гоҳ ки мо дар корҳои худ ба комёбие муваффақ гардем, шод мегардад, аз шогирдони қобил доштанаш мефаҳрад. (118 калима)
Шафқат Саид
16
Феълҳои матнро ёфта, ба зерашон хат кашед.
ОБУ ОБОДӢ
Дар ин чӯли малик зангӯлаи шутурҳои корвоне, ки чандин рӯз боз обу ободонӣ гуфтани чизро надидааст, чун садои ноқиси калисо ҳавлангез ба гӯш мерасад. Равғани бадани шутурҳо аз ташнагӣ об шуда, онҳо пӯсту устухон шуда мондаанд. Забони корвониён варам карда, ба комашон часпидааст. Пойҳошонро кашола карда, бо азоб роҳ мепайманд. Корвониён ба ҳолате афтидаанд, ки тайёранд бе ҳеҷ дудилагӣ дар ивази як пиёла об буду бозёфташонро бидиҳанд. Ногоҳ дар пеш чӯли азимеро мебинанд, ки оби нилгунаш аз вазиши бод оҳиста-оҳиста мавҷ мезанад, дар канораш дарахтони сарсабзи серсоя, марғузорони зумуррадгун нишемангоҳи олиҷаноб. Корвон ба он сӯ мешитобад, вале ҳамин ки дуртар меравад, он кӯл бо ҳама манзараҳои дилрабояш якбора нопадид мегардад. Дар пеш боз ҳамон биёбони сӯзон, боз ҳамон регҳои равон. (120 калима)
Шафқат Саид
70

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё