Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
21 Ҷумлаҳоро нависед. Калимаҳои онро ба ин гурӯҳҳо ҷудо кунед: а) калимаҳое, ки амалу ҳолатро мефаҳмонанд; б) калимаҳое, ки дар ҷумла сухан дар бораи онҳо меравад.
ДАР КӮҲСОР
Сояи бурсҳо қариб ду баробари қадашон дароз шуда буд.
Диловару Даврон худро хушҳол, рӯҳбаланд ва сабуку чолок ҳис мекарданд. Онҳо бо маслиҳат қарор доданд, ки як шаб сад шаб нест. Онро бе либосу палос низ гузаронидан мумкин. Ризо низ боз як рӯз вақт дорад. Тайёрии сафари даҳрӯзаро дар як шаб мебинад. Он душворие надорад. Дар камари шах, ки кӯтани зимистонӣ аст, хоб мераванд ва аз он ҷо гузаргоҳи оҳувон, ки бегоҳӣ офтобхӯрӣ мефуроянд, намуда меистад...
Вазифаҳоро тақсим карданд: Ризо ду-се кундаҷӯби хушки заранг ё ғӯш меёбад, ки нағз месӯзад, шарора намепарад ва гулханаш тез хомӯш намешавад; Даврон ҳезуммайдаи хушк мечинад; Диловар камарро рӯфта, ҳезум мешиканад, пешдаргирон тайёр мекунад.
Ризо даруни ҷангал ғоиб шуд. Даврон аз лаби ҷангал як
даста зардакӣ шикаст. Дарунтар рафта як дастаи дигар бозу
чинд. Диловар аз шаппа ҷорӯб сохта камарро рӯфт, оташдон
сохт ва ба ҳезумшиканӣ гузашт. (143 калима)
Ӯрун Кӯҳзод
22 Матнро хонед. Аз рӯи маълумоти доштаатон ба аъзоҳои пайрави ҷумла саволҳо гузоред.
МАНЗАРАИ ҚИШЛОҚ
Дар канори ҷарӣ, дар ҷое, ки ҳамеша аз поён дар сабадҳои калони махсус озуқа мекашиланд, касе набуд.
Махсум бо панҷ-шаш нафар одамонаш омада, бо дурбин ба поён нигоҳ кард. Дар поён барф камтар буд. Қишлоқ зиндаю

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё