Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

монандӣ як-ду парча абри сафеде, ки ба тарафи шарқ, дароз шуда рафта, байрақӣ сурхро ба пешвози офтоб кушода буданд, офтобро истиқбол кардаӣ мешуданд, боли онҳо дар баландии ҳаво бо шуълаи нахустини офтоб рангин мегашт, зарнигор мешуд...

Шамоли саҳар ба он пастиҳо низ гоҳ-гоҳе мевазид. Вай бӯи хоки намро ба атроф мепошид... (149 калима)
Ҷалол Икроми

20

Матнро ифоданок хонед. Ҷумлаҳои содаашро бо оҳангҳои гуногун қироат кунед.

ДЕҲАИ САРДОБ

Деҳа мисли калъаҳои қадима дар болои тали баланде ҷой гирифта буд. Сокинони он кайҳо ба заминҳои Мирзоҷӯл кӯчида рафта, хонаву боғу роғ карда дар ҳамон тарафҳо муқимӣ шудаанд. Деҳаи пешин имрӯз қариб, ки холиву бекас аст. Сукунати онро танҳо шав-шуви оби сой ва нағмаи мурғони баҳор халалдор мекунаду бас. Соҳилҳои рӯдро буттаҳои худрӯй тавора гирифта, гӯё асрори ин сойчай пурмағалро аз назарҳо пинҳон карданӣ буданд. Монанди садҳо рӯдҳои дигари кӯҳӣ ин обаки дар нимараҳ гумшуда ҳам ном надошт. Онро бо номи деҳа «Сойи Сардоб» меномиданд. Дар рӯи кӯпруки аз болору ходачаҳо сохташуда ҳоло аз камии роҳгузар алаф рӯида буд, аммо аз паҳноӣ ва устувории кӯпрук, аз он ки роҳи мошингузар ва аробагард буд ва пулро бо ҳавсала хеле бадошт сохтаанд, фаҳмидан мушкил набуд, ки ин роҳ чанд сол пештар гузаргоҳи серравуе будааст. (126 калима)
Баҳром Фирӯз

пешина
аз 275
навбатӣ