Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
пурчангу ғубор ва нохамвор хеззанон, ба чапу рост алвончхӯрон, аз чӯшидани оби радиатораш нолишкунон гузашта рафт. Мурғобие, ки чанд муддат дар кӯлмаки канори роҳ то гардан ғутта зада, аз тафси ҳаво каме раҳои ёфтани буд, аз ғурроси мотор хӯсид, безобита шуд, қиғгос зад, пар афшонда боло чахид, хаёлолуд аз паси чанг муддате нигоҳ карда истод. (149 калима)
Ибод Файзуллоев
12
Аз матни зерин ибораҳоро ҷудо карда нависед.
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Ману ҳамсафарон кафи дастонро ба пешонӣ соябон кардаву аз офтоби сӯзони нимрӯзӣ зери ар-ари камшоху барге паноҳ ҷуста, гаштаву баргашта кӣ медонад дафъаи чандум бошад, ҳо, ба он ҷо, ба сангрезаҳои ба канал, ба киштзорони гирду атроф пошхӯрдаи домани кӯҳ нигоҳ мекунем. Он ҷо, ки сабзазорони муддате пеш дилрабояш ҳоло зери хоктӯда монда пажмурду шудаанд, корвони мошину тракторҳо чун мӯрчагон муттасил пасу пеш равӯ доранд, суроби одамоне, ки ба шиддати гармӣ парво накарда, оқибати фалокати дирӯзаро бо ғайрат ва матонати хеш барҳам заданианд, ба назар метобанд, одамони мисли ин кӯҳсорон сарбаланд, шӯҳратманд, мушкилнописанд.
Замоне доманаи ин кӯҳ, ин нуқта, ин гӯшаи табиат мисли садҳо гӯшаҳо ва талу теппаҳои ин сарзамин як ҷойи муқаррарӣ ба ҳисоб мерафт, номи махсусе, ки онро аз дигар ҷойҳо фарқ мекунонад, надошт. (127 калима)
Ибод Файзуллоев

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё